​Мулоқоти онлайнӣ бо Донишгоҳи нафтии Чини шаҳри Чиндао

Дар кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ бо Донишгоҳи нафтии Чини шаҳри Чиндао мулоқоти онлайнӣ сурат гирифт. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳи-металлургии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Дар кори мулоқот директори донишкадаи Конфутсий Жен Генгтиан, муовини директори Донишкадаи Конфутсий Менг Сянкай, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисосҳои забонҳои хитойӣ-англисӣ ва арабӣ-хитойӣ иштирок намуданд.

Мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Қосимова Марҳабо дар бораи робитаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ изҳори сухан намуда, аз натиҷа ва самараи равобити ҷонибҳо таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин ҳамкориҳо як қатор донишҷӯёни факултет имтиҳонҳои байналмиллалии HSK-ро супорида, тариқи бурсия ба кишвари Чин таҳсили худро давом дода истодаанд.

Дар идома директори донишкадаи Конфутсий Жен Генгтиан дар бораи донишкада ва гузаронидани имтиҳони HSK-и навбатӣ ва бурсияҳо маълумот дода, аз ҳамкориҳои минбаъда зикр намуд.

Ҳамзамон, ихтисос ва намудҳои бурсияҳое, ки донишҷӯён метавонанд тариқи он таҳсил намоянд, мураррифӣ шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ