​Мулоқот бо волидони донишҷӯён

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо волидони донишҷӯёни курси якум мулоқот доир гардид.

Дар доираи ин иқдом масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯён, уҳдадорӣ ва масъулияти онҳо дар раванди таълим, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи донишгоҳ», «Қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ» инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Декани факултет Усмонзода Даврон волидони донишҷӯёнро бо тартиботи донишгоҳ шинос намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҷараёни таҳсили фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд.

Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, эмин мондан аз таҳдиҳои муосир, таҳкими зиракии сиёсии донишҷӯён аз мавзуъҳое буданд, ки Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ зимни суханронии хеш баррасӣ намуд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа буда, таъмини сифатноки ҷараёни тарбия ва таҳсили онҳо кафили мусоидат ба рушду пешрафти давлат аст.

Интизор меравад, ки мулоқоти мазкур силсилавӣ буда, дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ баргузор хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ