​Мулоқот бо волидайни донишҷӯён

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни бахшҳои якум ва дуюм баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрии мазкур шинос намудани волидайн ва донишҷўён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва монанди инҳо маҳсуб ёфта, дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ мазмуну муҳтавои он ба самъи волидайн расонида шуд.

Дар идома сарпарастони гуруҳҳои академӣ доир ба хислату рафтор ва иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.

Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромада, ба раёсати донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил изҳори сипос намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ