​Мулоқот бо хонандагон

Як гуруҳ устодони кафедраи педагогикаи умумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳристон бо хонандагон мулоқот намуда, доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва имконоту шароити он маълумот доданд. Мулоқоти мазкур ҷиҳати ҷалби довталабон ба донишгоҳ ва муаррифии ихтисосҳои мавҷуда ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин вохӯрӣ донишҷӯён аз шароити таҳсил ва сатҳи таълим дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бохабар шуда, сатҳи маълумотнокиашон васеъ гардид.

Ҳамзамон, устодони донишгоҳ ба суолҳои донишҷӯён посухҳои муфассал манзур карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ