​Мулоқот: баррасии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.

Дар доираи мулоқоти мазкур Одиназода Саидҷон Одинамуҳаммад -мушовири адлияи дараҷаи 2, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, Наботов Мироҷиддин Ғиёсович - мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Абдусалом Деҳқон – мушовири адлияи дараҷаи 3, Прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Суғд иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур беш аз 200 нафар устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилояти Суғдро фаро гирифт.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом мулоқотро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро таҳкими маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баррасии мавзуъҳои умдаи ҷомеа ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб унвон намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин ташаббус аз ҷониби намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон се масъала – муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм ва экстремизм”, “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Гуфта шуд, ки мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат маҳсуб меёбад.

Дар идома аз ҷониби баромадчиён Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи муқовимат ба терроризм ва экстремизм” тавзеҳ дода шуд.

Зикр гардид, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қайд шуд, ки қонуни мазкур ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.

Пас аз мулоқоти намояндагони Прокуратураи генералӣ бо устодону донишҷӯён суҳбати озод анҷом дода шуда, ҷавонон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои муосир фаъолнокӣ нишон дода, ба қонунҳои мазкур эҳтиром ва ҷиҳати татбиқи он саҳм гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ