Мулоқот: “Ҷавонон – такягоҳи боэътимод”

Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – такягоҳи боэътимод” бо донишҷӯёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус мулоқот доир гардид.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳадаф аз иқдоми мазкурро шарҳ дода, перомуни мавзӯи мавриди назар ибрози назар намуд.

Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар баромади Фирдавс Фахриддинзода, муовини озоди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номбурда доир ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлол сухан намуда, аз нақшу мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи муосир таъкид кард.

Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошт.

“Сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки мавқеи ҷавонон дар ин раванд муассир унвон мешавад”- зикр шуд дар мулоқот.

Масъулин аз донишҷӯён даъват намуданд, ки аз шароити мусоиду арзандаи замони истиқлол оқилона истифода намуда, ҷиҳати ҳимояи арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳим бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ