Муқовимати ҷомеаи ҷаҳонӣ бо терроризм ва экстремизм
Тайи сӣ сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибистиқлолии худро ба даст оварда, мавқеи сиёсиашро дар арсаи ҷаҳонӣ устувор намудааст. Бисёр иқдомҳо ва пешниҳодҳои актуалии Президенти мамлакатамонро дар СММ тамоми мамлакатҳои дунё эътироф ва дастгирӣ намуданд. Тоҷиконро ҳамчун миллати бофарҳанг, соҳибилму соҳибдевон, меҳнатқарину инсондӯст шинохтаанд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми мардумикишвар бо сарварии роҳбари хирадмандаш – Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила нақшаҳои бузурги дурнамое, ки чун ҳадафҳои стратегӣ дар назди худ гузошта буд, иҷро намуда, дар арафаиҷашни мубораки 30 – солагии Истиқлолият ба дастовардҳоихеле назаррас ноил гардид.
Бояд гуфт, ки дар раванди амалигардонии ин ҳадафҳои бузург роҳ на ҳама вақт ҳамвору васеъ буд. Чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи мамлакат бадхохони сиёсӣ хеле зиёд ҳастанд. Дар симоҳои гуногун ва роҳҳои зиёд кӯшиши рахна задан ба ин соҳибистиқлолӣ ва ҳатто аз байн бурдани миллатро то ҳол карда истодаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои дахлдор ҳамешагӣ дар пайи гирифтани садди роҳи ин гуна бадхоҳон чораҷӯиӣ доранд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо муаммои терроризм ва экстремизм, ки ба масъалаи марказӣ, глобалӣ табдил ёфтааст, рӯ ба рӯ омадаасту бо он муборизаи пайваста дорад. Чӣ тавре, ки мутахассисони ҷомеашинос қайд мекунанд, эктремизм – ин хатари хеле калон аст, ки метавонад ҳаттоҷомеаи хеле устувору бонизомро ба ҷунбиш оварад ва ноустувор гардонад. Тоҷикистон низ бо ин вабои асрмисли мамлакатҳои дигари дунё пайваста муқовимат дорад. Яке аз ин гуна падидаҳои номатлубе, ки кишвари мо бо он муборизаи шадид дорад, ҲНИ мебошад. Тоҷикистон онро ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар ҳудуди кишвар манъ кардааст. Аз тарафи Суди Олии ҶТ ТЭТ будани ХНИисбот карда шудааст. Ҳарчанд, ки имрӯз дар ҷумҳуриамон ин ташкилоти мамнӯъ расман дигар фаъолият надораду намояндагонаш дар маҳбасанд, набояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст дод. Зеро роҳбарони гурезаи ташкилоти ҲНИ ва пайравони боқимондааш дар мамлакатҳои хориҷии дуру наздик то ҳанӯз аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидаанд. Баҳри амалигардонии онҳо то ҳанӯз аз ҳама гуна воситаҳо истифода мебаранд. Бо ин васила мехоҳанд фазои сулҳу оромии Тоҷикистонро халалдор гардонанд. Тавассути расонаҳои хабарии кишварҳои хориҷ, шабакаҳои интернетӣ дар бораи “беадолатӣ” ва “нодурустии” фаъолияти Ҳукумати расмии Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳуқуқии он “маълумотҳо” паҳн мекунанд. Хушбахтона кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳақиқат ва асли ин гуна равияҳо ва ташкилотҳоро кайҳо дарк кардааст. Адам Смит қайд кардааст, ки “Барои он ки одамон ҳақиқату адолатро дӯст доранд, бояд натиҷаи беадолатию ноинсофиро ба онҳо нишон дод”.
Натиҷаи “сиёсати боадолатона”-и ДИИШ, ТЭТ ҲНИ- ро ҳамагон кайҳо эҳсосу дарк намудаанд. Пайваста бо ҳамроҳи давлату ҳукумат бо ин падидаи номатлуб муқовимат нишон медиҳанд. Лекин, мутассифона баъзан боз ҳам нафароне, бештар ҷавоне ёфт мешаванд, ки ба вазъ ва даъвати ин ташкилаҳо фирефта шуда, пайравиашон мекунанд. Барои пешгирии он чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама муқовимати пайвастаро бо ҳамаи воситаҳо давом додан. Барои фаъолияти васеи ҷавонон, таълим, соҳиби тахассус шудан, аз рӯи ихтисос соҳиби ҷойи кор шуда, дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо кардани ҷавонон доимӣ чораҷӯиҳо намудан зарур аст. Бо ин мақсад тадбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар актуалӣ ва саривақтӣ мебошад. Бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои сановатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва амсоли инҳо маҳз ба амалигардонии ин мақсадҳои наҷиб нигаронида шудаанд.
Дар навбати худ имрӯз мардуми бофарҳангу меҳнатдӯсти мамлакат бо дарки масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ ҳамаи ҳадафҳои стратегии хукумати ҷумҳуриро ҷонибдорӣ мекунанд. Баҳри дар амал тадбиқ намудани онҳо сарҷамъона кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳанд. Волидайн барои соҳибилму соҳибмаърифат гардонидани фарзандони худ таваҷҷӯҳи зиёд медиҳанд, ки қобили қайд аст.
Бояд боз ҳам қайд кард, ки гурӯҳҳои гуногуни террористиву экстремистӣ ва аз ҷумла, пайравони ТЭТ ҲНИ хох нохоҳ то ҳанӯз фаъол ҳастанд. Аз ин рӯ, моро, яъне мардуми Тоҷикистонро зарур аст,ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҳар чи бештар аз паи меҳнати софдилона, ободӣ ва соҳибмаърифатии ҷомеа бошем. Ба ниқоби бардурӯғи динии ин гуна афрод фирефта нашавем. Ба дин ва ҳокимияти расмии давлатӣ эътимод дошта, содиқ бошем. Саъдии бузург гуфтааст, ки:
Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.
Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” З.Ҳасанова