Муқовимат бо терроризм: усулҳо ва механизмҳои баамалбарории он

Омӯзиши мавзӯъҳои вобаста ба терроризм, сабабу пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он дар замони муосир ба яке аз муаммоҳои рақами яки глобалӣ мубаддал гашта, инсониятро ба сатҳи тартиботи нави ҷаҳонӣ баровардааст. Мафҳуми терроризм дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999, № 846 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ҳамчун зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектҳои моддии шахсони воқеьӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таьсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёсӣ ё ҷамьиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояаи байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, маънидод шудааст.

Терроризм дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст. Ин зуҳурот маҳсули дасти худи одам аст! Террорист аз сайёраи дигар наомада, таълимоти ифротиву даҳшатовариро низ аз кайҳон наовардааст!

Аз пайдоиши терроризм то имрӯз чандин қарнҳо гузашта бошад ҳам, ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он ҳамчун вабои асри худ менигарад. Агар ба ақидаи С.О. Баумбах ва А.В. Воронкин дилхоҳ кушторҳои сиёсиро мо ба террор маҳсуб донем пас решаи он ба давраи қадим (Филипи II, Искандари Мақдунӣ ва ғ.) мерасад.

Аз ҳамин лиҳоз имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро як суол азият медиҳад – пас чаро то ҳанӯз инсоният ба ин зуҳурот дар якҷоягӣ мубориза набурда, онро ба таври дастаҷамона маҳкум ва решакан намекунад?

Албатта, санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мубориза ва муқовимат бо терроризму экстремизм дар сатҳи байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида қабул карда шудаанд. Дар ин самт ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, ҳамчунин то ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои фаъолияти террористӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вале аз кадом шинохт ва мавқеъ? Чунки чунин майдони мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба дараҷае оварда расонд, ки баъзе халқҳои озодихоҳ барои ҳокимияти сиёсии давлатҳои алоҳида (Мянма) террористон эътироф карда шуданд ва баракс дар давлати дигар террористон (Сурия) ба халқу миллати озодихоҳ.

Имрӯз мо дар муқобили баландшавии тамоюлҳои рушди терроризми муосир қарор дорем, ки ба сифати асоситаринашон инҳо баромад мекунанд:

  • васеъкунии ҷуғрофияи (ҳудуди) терроризм дар дунё ва интернатсионализатсиякунонии он;
  • мустаҳкамкунии таъсиррасонии байниҳамдигарии омилҳои иҷтимоии дохиливу берунӣ, сиёсӣ, иқтисодии ба пайдоиш ва паҳншавии терроризм мусоидаткунанда;
  • баландбардории сатҳи ташкилии фаъолияти террористӣ, ташкилдиҳии ҷузъу томҳои калони террористӣ бо инфрасохтори мукаммал;
  • мустаҳкамкунии алоқамандии терроризм бо ҷинояткории муташаккил;
  • вусъати таъминоти молиявӣ ва моддиву техникии сохторҳои террористӣ;
  • кӯшиши бадастории воситаҳои қатли ом аз ҷониби субъектони терроризм;
  • кӯшиши истифодаи терроризм ҳамчун воситаи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо;
  • истифодаи ташкилотҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ аз ҷониби субъектони терроризм;
  • таҳия ва такмилдиҳии шаклҳо ва усулҳои нави терроризм барои васеъ намудани ҳудуди таъсири амалҳои террористӣ ва зиёдкунии шумораи қурбониён.

Моҳияти мубориза бар зидди терроризм ин фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ, қатъ намудан ва то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ ба ҳисоб меравад.

Ба сифати принсипҳои асосии мубориза бо терроризм К. Мелничук чунин намудҳоро пешниҳод намудааст:

  • Вайрон кардани шабакаҳои сохтори ибтидоии террористӣ. Террористон ба тариқи анъанавӣ иерархияи чиддии пешвоёни худро доранд. Аз ҳамин лиҳоз нобуд сохтан ва ё боздошти чунин сарварон ба фаъолияти онҳо метавонад зарбаи ҳалокатовар занад.
  • Маҳдуд кардани террористон аз дастгирии аҳолӣ. Гурӯҳҳои террористӣ танҳо бо дастгирии аҳолӣ ва ё қисме аз он метавонанд, ки муддати тӯлонӣ амал кунанд. Ин усул ба онҳо имкон медиҳад, ки ба сафҳои худ ҷангиёни навро фирефта кунанд, захираҳои заруриро ба даст оранд ва ҳамчунин пинҳонияти худро таъмин намуда, фаъолияти ҷосусиро фарогир ба роҳ монанд. Вале чунин дастгириро метавон, ки дар сатҳи зарурӣ аз байн бурд. Ин ҳолат дар он сурат ба амал бароварда мешавад, ки агар тарс ва масъулияти аҳолӣ барои ба ҷазо гирифтор нашудан аз ҷониби давлат аз хоҳиши дастгирӣ карданашон ба террористон баландтар бошад. Ҳамин монанд бо пешниҳоди алтернативаҳои нисбатан муфид ба аҳолӣ террористонро метавон аз кӯмаку дастгирии онҳо маҳрум намуд. Масалан, ба сифати чунин алтернативаҳо: таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фарогирии аҳолӣ ба шуғли пурмаҳсул, азбайнбарии хушунати миллӣ, ақаллияти динӣ, таъмин бо хизматрасонии тиббӣ ва ғайраро метавон мансуб донист.
  • Гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ ва ҷазодихӣ тавассути нерӯҳои қудратӣ. Дар ин низом ҳам ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, ҳам сохторҳои Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳам хадамоти тайиноти махсуси давлатӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Чунин намуди амалиётҳо дар Тоҷикистон асосан солҳои 1992-1997 низ ба вуқӯъ омада буданд. Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористии артиши давлатӣ талафоти ҷонӣ миёни аҳолии осоишта, аздастдиҳии боварии аҳолии маҳал, ҳисорот ва бӯҳрони иқтисодӣ дар ҳудуди муайян ба миён омада (Масалан дар Ироқ, Сурия, Ливия, Судон, Яман ва ғ.), шароитҳои мусоидро барои амалиётҳои террористон муҳайё месозанд.
  • Истифодаи технологияҳои муосири иттилоот. Соҳаи иттило­отонӣ омили низомсози ҳаёти ҷомеа буда, ба ҳолати сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва дигари ташкилкунандаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад. Террористони муосир технологияи иттилоотиро барои ҳамоҳангсозии амалҳо ва ташвиқоти худ фаъол истифода менамоянд. Алоқаи мобилӣ, почтаи электронӣ ва дигар барномаҳо барои мусоҳиба тавассути интернет шароитҳои навро барои таъсиси ташкилотҳои «кибер­террористӣ» низ ба миён овардаанд. Аз ҳамин лиҳоз зери назорат гирифтани истифодаи чунин воситаҳои технологияи иттилоотӣ зарурияти воқеиро тақозо мекунад.

2). Табаддулоти сиёсӣ. Чунин тимсол дар марҳилаи шиддатгириҳои низои дохилӣ аз қабили ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд, ки тавассути раванди музокироти миллӣ якчанд ҳизбҳои мухолиф аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, минбаъд бо ҷорӣ намудани низоми гуногунандешӣ ва плюрализми сиёсӣ дар давлат ҳатто дар парлумони кишвар мавқеъ пайдо намуданд. Дигар ҳаракатҳои сиёсие, ки ба ҳайати ин иттиҳоди мухолифин шомил буданд, мавқеашон заиф гардида, аксарашон ба монанди «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва дигарон аз байн рафтанд.

Ҳамин тариқ, дар чунин платформаи сиёсӣ террористон метавонанд танҳо дар доираи шарту шароитҳои сиёсии муайян амал намоянд. Дар сурати аз байн рафтани ин шароитҳо террористон нерӯи худро аз даст медиҳанд ва ё миёни онҳо ва собиқ иттифоқчиёнашон зиддиятҳо ба миён меоянд.

Тибқи таҳқиқоти дар раванди омодагӣ ба таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 гузаронидашуда нишон медиҳад, ки айни ҳол сатҳи корҳои иттилоотиву маърифатӣ, таълимӣ ва мафкуравӣ дар самти муқовимат бо мафкураи тундгароӣ ва экстремизм дар кишвар тақвиятталаб меьбошад. Аз ҷумла:

- мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм намерасанд;

- норасоии маводи иттилоотӣ ва роҳнамо доир ба созмонҳои экстремистию террористӣ, инчунин воситаҳои аёнии ташвиқу тарғиб мушоҳида мегардад;

- нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирию огоҳонии экстремизм, инчунин инъикоси фаъолияти зиддиэкстремистию зиддитеррористии мақомоти давлатӣ кофӣ нест.

4) Ташкилотҳои террористӣ аз шахсоне иборат аст, ки онҳоро метавон нобуд соҳт ва ё бо воситаи эътимоду намоиши ниятҳои некхоҳона ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонд.

Фикр мекунем, ки барои муқовимат ва муборизаи дастаҷамъона бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мебояд, пеш аз ҳама мафҳуми терроризмро дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам тафсиру қабули он аз дигар намуди муносибатҳои эътирозӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона бояд фарқ кард. Оё аҷиб нест, ки гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ан-нусра”-ро агар дар Сурия ҳокимияти конститутси­онии ин давлати арабӣ ва ҳамчунин давлатҳои иттифоқчии он чун Россия, Туркия ва Эрон ҳамчун гурӯҳи экстремистию террористӣ эътироф кунанд, аз ҷониби давлатҳои блоки НАТО бошад онро ҳамчун ташкилоти халқу миллатҳои озодихоҳ дастгирӣ менамоянд. Ё худ агар Ҳизбуллоҳ дар Исроил ташкилоти экстремистию террористӣ шинохта шавад, дар Фаластин бошад он ҳизби роҳбар маҳсуб меёбад. Ҳамин монанд соли 2019 Корпуси ҳомиёни инқилоби исломии Эронро Президенти Амрико Доналд Трамп ба сафи ташкилотҳои террористӣ мансуб дониста, шаби 3-юми январи соли 2020 шахсан бо супориши худ роҳбари ин ташкилот («Қудс») Қосим Сулаймониро дар фурудгоҳи Ироқ нобуд сохт.

Аз ин мебарояд, ки ин ҷанги сард миёни давлатҳо ва тамаддунҳо барои бартариҷӯӣ ва ҳифзи манфиатҳои геополитики худ дар ҳудудҳои манфиат мебошад, ки давлатҳои хурди дорои захираҳои калони нерӯ чун нафту газ қурбонии ин сиёсат гаштаанд.

Агар вазъи сиёсии ҷаҳон чунин бошад пас барои мубориза бурдан ва муқовимат нишон додан бо терроризм ва экстремизм пеш аз ҳама таъмини ягонагӣ ва ҳалли мушкилоти дохилӣ маҳсуб меёбад. Дар ин росто давлатҳоро зарур аст, ки ба иҷрову роҳандозии чунин корҳо иқдом пеш гиранд:

  • Решакан намудани коррупсия дар давлат. Тоҷикистон дар соли 2019 аз рӯи индекси санҷиши коррупсия, ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии ҳифзи ҳуқуқ Transparency International (Берлин) гузаронида мешавад дар рейтинги ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар ҷойи 152-юм меистад. Ҷиҳати паст кардан ва минбаъд пурра решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар тамоми заминаҳои конунгузорӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ташкил карда шуда, комилан фаъолият карда истодаанд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки мафҳуми коорупсия дар ин қарина танҳо хоси таъмаҷӯӣ набуда, моҳиятан ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигарро низ ифода мекунад. Ҷунончӣ, дар давлати Полша таъин кардан ва ё дахолат ба таъин кардани фарзандон ба мансабҳои давлатӣ ба қатори ёздаҳ омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътироф карда мешавад.
  • Беҳтар кардани вазъи зиндагии аҳолӣ дар минтақаҳои зиндагии террористон. Чунин усул дар таҷрибаи Федератсияи Россия дар муносибат ба Чеченистон пас аз соли 2000-ум бисёр моҳирона истифода карда шуда буд. Ҳокимияти марказии Россия ҷиҳати ба даст овардани боварии аҳолӣ барои барқароркунии хоҷагии харобгашта ва ободу зебокунии шаҳрҳои ҷангдидаи Чеченистон танҳо аз буҷаи федералӣ аз соли 2001 инҷониб зиёда аз 464 млрд. руб. ва тайи 10 соли охир бошад чунин маьлағгузориҳои бебаргашт ҳамасола ба андозаи 59 млрд. рубли ҷудо карда шуда истодаанд. Ин усул то ҷойе мусоидат кард, ки насли нави чеченҳо яке аз содиқтарин чомеаи ҳокимияти кунунии Россия ва хоса сиёсати Президенти он В.В. Путин гаштаанд.
  • Мусоидат ба дасткашии роҳбарони ташкилотҳои террористӣ аз муҳорибаҳои мусаллаҳона. Ҳарчанд чунин амал мушкил ва каме дур аз ҳақиқат бошад ҳам, вале имконпазир аст.
  • Эълон кардани авф барои аъзои гурӯҳҳои террористӣ. Ин консепсия дар навбати худ ду ҳолатро ба миён меорад:
  • Фаҳмонидадиҳӣ оид ба маъно надоштани фаъолияти минбаъдаи террористӣ. Яке аз яроқи пурқуввати террористон ин фирефтасозӣ ва ташвиқу тарғиби шаҳрвандон ба амалҳои террористӣ мебошад, ки дар ин самт ТЭТ «Давлати исломӣ» тавассути эмисарҳои худ бо зиёда аз 13 забон тарғиботро барои иштирок дар амалҳои террористӣ бо ном «ҷиҳоди такфирӣ» ба роҳ мондааст. Машинаи идеологии давлатҳои ҷаҳон бо тамоми масъулият ва кӯшиш талош бар он дорад, ки то пеши роҳи он гирифта шавад. Гурӯҳҳои тарғиботии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», созмонҳои ҷавонон, бонувону собиқадорон ва ба ин монанд дар Тоҷикистон тавассути барномаву мусоҳибаҳои телевизиониву радиоӣ ва вохӯриҳо бо ҷомеаҳои осебпазир, маҳбусон, шахсони аз чунин муноқишаҳои мусаллаҳона баргашта, аъзои оилаи террористон мунтазам баргузор намуда, моҳияти маъно надоштани муноқишаи мусаллаҳона, набахшидани будани гуноҳи хиёнаткори ба сари халқу модари худ мусибатоварандаро мефаҳмонанд. Зиёда аз ин саҳнаҳои тетрӣ вобаста ба ин мавзӯъ намоиш дода шуданд. Масалан, соли 2017 аз ҷониби Театри драммавии шаҳри Бӯстон саҳнаи «Доғ» ба намоиш гузошта шуда буд, ки он оид ба тақдири як шахси гумроҳшуда ҳикоят мекард, ки бо роҳи фитна ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия пайваста сабабгори фавти модару вайроншавии оилаи худ мегардад. Ё худ саҳнаи воқеии ба ватан бозгашти занону фарзандоне, ки ғариби мулки ҷангзада шуда, аз тамоми арзишҳои инсонӣ бебаҳра монда буданд тавассути барномаи махсуси Телевизиони Тоҷикистон ва афсӯсу бахшишпурсиашон назди халқ воқеан таъсирбахш буд.
  • Таваҷҷуҳ зохир намудан ба ҳалли мушкилоти дохилӣ. Масалан, дар самти амалишавии муқаррароти қонунгузорӣ, ҳадафҳои афзалиятноки муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ки дар Стратегияи миллӣ муқаррар карда шудаанд, то ҳанӯз баъзе муаммо ва мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд. Аз ҷумла:

Воқеан, дар ҷомеае, ки мутахассисони босавод, кордону болаёқат дар канору ашхоси бесаводу бемасъулият тавассути нуфузу дахолати волидону падар­арӯсони худ ба мансабҳои масъулиятноки давлатӣ таъин карда мешаванд, боиси пастшавии эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти давлатӣ мегардад. Ё худ бояд аз нафарони нолоиқе, ки бо ҳар роҳу восита худро ба мансабҳои масъули давлатӣ зада, на хизмат барои халқ, балки қурбон кардани системаро барои шӯҳратёбӣ ва таҷаллии шахсияти худ шиор мекунанд, ҳушёр буд.

  • Несту нобуд кардани манбаи моддиву молиявии террористон. Дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва дигар намуди маблағгузории террористон қонунгузорӣ ва барномаҳои махсуси давлатӣ ба байниҳукуматӣ қабул карда шуда амал мекунанд.

Якум, шахсияти террорист ошкор гардида, ӯ аз ин роҳ бармегардад.

Дуюм, террорист аз вазъияти мушкил худро раҳо карда, барои иҷрои амалҳои нави террористӣ фурсат ва имкониятҳои мусоидро интизор мешавад.

Муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин муносибат якхела набуда, вобаста ба қазияи шарқи наздик, хусусан муноқишаҳои мусаллаҳона дар Сурия расман муқаррар карда шуданд. Федератсияи Россия бо иштирокчиёни ин муноқиша, ки шаҳрвандии ин давлатро доранд муносибати оштинопазирро эълон дошта, нисбат ба нафарони бо хоҳиши худ аз ин ҷанг баргарданда ягон имтиёзро пешбинӣ намекунад. Ба қавли президенти ин кишвар В.В. Путин ин террористонро дар лонааш нобуд кардан лозим, вагарна онҳо аз Сурия маҳорати даҳшатофариро омӯхта, ҳангоми баргашт ба ватан боз ба амалҳои террористӣ даст зада, муҳити ҷамеаро ноором месозанд. Ҳамин монанд, соли 2019 дар муносибат ба бозгашти шаҳрванди Британияи Кабир Шамим Бегим ҳатто бо пушаймонӣ аз Сурия вазири корҳои дохилии ин кишвар Соҷид Ҷовид гуфта буд, ки: «Агар шумо ташкилоти террористиро ҷонибдорӣ карда бошед, ман шахсан кӯшиш мекунам, ки бозгашти шуморо сади роҳ шавам». Ҳатто масъалаи аз шаҳрвандии Британияи Кабир баровардани Шамим Бегим ба миён гузошта шуда буд.

Тоҷикистон бо роҳи инсондӯстӣ рафта, дар амри эътирофи арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ба шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашанд, агар дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, тибқи иловаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 401 озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятиро кафолат додаст, ки таҳти чунин тадбири созанда аз муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия, Ироқу Афғонистон то имрӯз атрофии 200 нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

  • То имрӯз аз ҷониби сохтори рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал лоиҳаҳо оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон таҳия нашудааст ва ё меъёри муайяни харҷ дар буҷети маҳал вобаста карда нашудааст, ки чунин муносибат амалӣ нашудани талаботи банди 118 Стратегияи миллиро нишон медиҳад.
  • То ҳанӯз дар кишвар низоми махсуси иттилоърасонии фаврии аҳолӣ ва ҳамзамон механизми ташвиқоту тарғибот миёни аҳолӣ аз ҷониби худи аҳолӣ таҳия ва амалӣ карда нашудааст, ки камбудӣ ба ҳадафҳои стратегии давлат дар ин самт мувофиқ нест. Ногуфта намонад, ки имрӯз гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва эмиссарони ташкилотҳои террористӣ аз чунин намуди имтиёзҳо ба монанди маъракаи «гап», ки одатан мардон ташкил мекунанд ва ҳамчунин зиёд шудани ин маърака миёни занҳо («гапи ҳоҷиояҳо», «гапи ояҳо», «гапи ҳамсинфон» ва ғ.) моҳирона истифода карда, тафриқаҳои зиддиҳукуматиро тавассути онҳо миёни аҳолӣ паҳн мекунанд.
  • То ҳанӯз дар маҳалҳо марказҳои махсус ҷиҳати ташхису таҳлил ва баҳодиҳии вазъи идеологӣ ташкил нашудааст, ки бо истифода аз вазъи номуайянӣ ифротгароён имкон пайдо мекунанд, ки тарғиботи худро тавассути фуруши чиптаҳо бо кинофилмҳои таълимоти ифротӣ, таҳқиркунандаи миллат ва ташвиқи террористон, сарулибос ва кулоҳ бо навиштаҷотҳои даъватӣ ба роҳ монанд. Масалан, кулоҳ ва курта бо нақши силоҳ (автомати калашников), барги гиёҳи нашъа, навиштаҷоти «сабр», ки то ҳанӯз баъзеашон дар фурӯши озод қарор доранд.
  • Паст кардани шиддатгириҳои иҷтимоӣ дар самти хизматра­сониҳои иҷтимоӣ (тандурустӣ, мусофиркашонӣ тавассути роҳи ҳавоӣ, баландшавии нархи хизматрасониҳои коммуналӣ – об, барқ, алоқаи мобилӣ ва ғ.).

Ҳамин тариқ, чораҳои мубориза ва муқовимат бо терроризм ва экстремизмро метавон такмил дода, тамоюли пастшавии шиддатгириҳои иҷтимоиву сиёсиро дар давлат таъмин намуд.

Мухторзода Киромиддин Тоҷиддин – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ