​Муқовимат ба терроризм фаъолияти дастаҷамъонаро талаб дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба ҳисоб рафта, 70 дар сади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳайати бузурги ҷавонон соҳибони касбу кори гуногун аз ҷумла, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳои хуб, ҷомеашиносон, равоншиносон, соҳибкорон, ҳунармандон, омӯзгорону духтурон, варзишгарону санъаткорон ва амсоли инҳо дар радифи волидайни хеш бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва қувваю тавоноӣ донишу малака ва нерӯи зеҳнии хешро барои рушди ҳаматарафаи иқтисоду иҷтимоиёт ва фарҳангии мамлакат сарф менамоянд.

Вале дар баробари дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар баъзан масъалаҳое пеши роҳ сар мезанад, ки он мушкилоти тамоми инсонияти кураи арз аст ва бархе аз ҷавонони кишвар ба иллати камсаводиву бехабарӣ аз набзи сайёра ба он гирифтор мегарданд. Аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва ифротию динӣ, ки Ҳукумату давлат ва қишри масъулиятшинос ва дилсӯзи ҷомеа зидди он муборизаи беамон мебаранд ва дар ин раванд корҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омада истодааст.

Ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аввал ҷавонони навроҳ ва дар чорроҳаи зиндагӣ гумроҳро ба доми худ мекашанд ва кӯшиш менамоянд, ки симои зоҳирӣ ва амалу рафтори ҷавононро тағйир диҳанд, баъдан дар хароб кардани мафкураи ҷавонон ҳаракат месозанд. Ба доми ин бало асосан бекорон, ҷавонони сатҳи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динӣ дошта, аз оилаҳои камбизоат ва амсоли инҳо меафтанд.

Аз ин лиҳоз, фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оила ва дигар шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба он нигаронида шудааст, ки дастаҷамъона мафкураи ҷавонон солим нигоҳ дошта шавад то ҷавонони мо ба фарҳангу ақидаҳои бегона майл пайдо накунанд ва гумроҳ нашаванд ва, дар ҳифзи оила, ҷомеа ва давлати худ устувор пофишорӣ намоянд.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ, ҷомеашинос

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ