​Муқаддимаи ихтисоси олигофренопедагогика

Донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ дар доираи кори мустақилонаи хеш ба мактаб - интернати ёрирасони давлатии шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Ин иқдом тибқи барномаи таълимӣ (силлабус) аз фанни “Муқаддимаи ихтисоси олигофренопедагогика” бо роҳбарии омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Зоидова Сабоат ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби муаллимаи мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд Раҳматова Фотима дарси намунавӣ гузаронида шуд, ки ба он хонандагонисинфи 2 “А” ҷалб гардиданд.

Мавзӯи дарс “Омӯзонидани адад ва рақами 9” унвон шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар дарс омӯзгорони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ - мудири кафедра Луфов Мансур, муаллима Исматова Маҳина,донишҷӯёни гуруҳи 202 иштирок намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар дарс воситаҳои муосири техникӣ ва айёниятҳо фаъол мавриди истифода қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ