Муҳиддин Кабирӣ - хоини миллати тоҷик
Унвони «Хоини миллати тоҷик» ба Муҳиддин Кабирӣ арзанда мебошад. Чунки дар хақаиқат ӯ ба миллату Ватани аҷдодии худ хиёнат кардааст. Ин нохалаф манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро нодида гирифта, ба аъмоли ношоям даст задааст.
Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 30 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.
Мардуми сарбаланди тоҷик муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ мебошанд. Зеро мардуми тоҷик аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ дарк намудаанд, кионҳоро ба роҳи бад ҳидоят. Муборизаи ҳар як узви ҷомеаи ба муқобили терроризм ва экстремизм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, арзишҳои миллӣ, фарҳангу забон ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.Оқибатҳои фоҷеабори ин падида ин куштору қатли одамон мебошад, ки он ба ҳар халқу миллат таъсири бад мерасонад.мекард.
Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.
Барно Умарова