Муҳиддин Кабирӣ хоини халқу миллат!
Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша бо ҳар роҳу усул кӯшиш менамояд, ки бо навиштаҳои беасосу бӯҳтонҳои иғвогаронаи худ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ҳокимияти мавҷударо сиёҳ намояд. Лекин ҳамаи кӯшишҳояшон бебароранд. Зеро мардуми фарҳангдӯсти мо худ хуб дарк намудаанд, ки онҳо ҳама ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхта шудаанду ҳар он чие, ки онҳо мегӯянд бе саркаши иҷро менамоянд.
Нашрияҳои ӯ тариқи сомонаи иҷтимоӣ зидди ҳокимиятдорон саросар беасос буда, иғвоҳои беасоси ӯст. Лекин ӯву ҳаммаслаконаш бояд хуб дарк намоянд, ки мардуми кишвар кайҳо аз кинаву найранги онҳо нисбати ҳокимияти мавҷуда бохабар буда, ҳеҷ гоҳ ин гуна хоинонро намебахшад ва ба гуфтаҳои беасоси онҳо бовар ва пайравӣ нахоҳад кард. Мардуми кишвар фарҳанги воло дошта, ба қадри сулҳу субот ва оромие, ки дар сарзамини мо пойдор аст мерасанд ва намегузоранд, ки чунин ашхосон монанди Муҳиддин Кабирӣ ба он халадор гарданд. Агар онҳо ба гуфти худ ба мардуми кишвар дилсӯзӣ мекарданд ин гуна суханҳои иғвогаронаро эҷод накарда, аз паи боз ҳам пешравии ҷомеа мегардиданд.Боқи онҳо хоинанд ва чунин хоҳанд монд.
Мардуми озодихоҳу сулҳдӯст ҳамеша сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ хоҳанд кард.
Исмоилова М. – сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ