Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм падидаи манфӣ ба ҳисоб рафта, яке аз усулҳои ба амалбарорӣ ва тарзи бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифода аз афкори даҳшатовар бо роҳи таҳдид ва зӯроварӣ дар вуҷуди одамон мебошад. Мақсад аз ин амалу кирдори бераҳмона – ноором кардани вазъи сиёсӣ, ба вуҷуд овардани зиддият дар байни қишрҳои ҷомеа, паст намудани нуфузи давлатӣ, эҷоди бесарусомониҳо дар миёни дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Имрӯз терроризм яке аз таҳдидҳои хатарафзо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мондааст. Он бо истифода аз технологияи муосир роҳҳои арзёбии истифодабарии навро касб кардааст.
Даҳсолаҳои охир шумораи беҳисоби халқи осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардиданд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуб дар замони имрӯза ба ҳисоб рафта, он сабаби ба амал омадани натиҷаҳои нохуш - таҳдид ё зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, бетартибӣ, тағйир ёфтани сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият, барангехтани низоъҳои мухталифи миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ба шумор меравад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») ибтидо гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» мебошад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ он чунин маънидод карда мешавад: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд. Ба паёмади ногувори ин гуна амалҳо мубориза менамояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Ихтилофу зиддият ва афзалият гузоштан дар байни равия ва мазҳабҳои мухталифи динӣ яке аз сарчашмаҳои ба вуҷуд омадани амалу кирдорҳои ғайриинсонӣ гардида, дар ин радиф масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор дода мешаванд. Содир кардани амалҳои террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар кишварҳои Шарқу Ғарб як амали маъмулӣ гардидааст.
Нагирифтани пеши роҳи ин муаммои умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо ба ҳисоб меравад.
Шералӣ Раҳмонов