​Мубориза бо падидаҳои номатлуби замони муосир

Дар хобгоҳи рақами 3 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб мизи чорабинии тарбиявӣ бо донишҷуёни гурӯҳи 408-и “Б”баргузор гардид.

Дар чорабинӣ устодони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ роҷеъ ба падидаҳои зноматлуби замони муосир ва хатари онҳо ба ҷомеа маълумот дода шуд. Дар идома аз ҷониби донишҷӯён қироати шеърҳо дар саҳначаи тарбиявӣ, суруд дар васфи Ватан ва монанди инҳо иҷро гардиданд.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён перомуни мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ