​Мубориза бо ифротгароӣ – кафили таъмини амнияти миллӣ

Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир ва пайомадҳои он мулоқоти намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далери Соҳибназар бо донишҷӯёну устодон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, проффесор Усмонзода Аюб Ислом ба чорабини ҳусни оғоз бахшида аз ҳадаф ва маромҳои он ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки дар донишгоҳ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм байни ҷомеаи пайваста тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида мешавад.

Сипас, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далери Соҳибназар роҷеъ ба фаъолияти ташкилоти террористӣ-эктремистии «ҲНИ» сухан намуд. Мавсуф афзуд, ки 14 сентябри соли 2022 ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби Суди олии Федератсияи Россия ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти он дар қаламрави ин кишвар манъ гардид. Таҳлили раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯз ба рӯз болоравии эътиқоди динии мардум, паҳншавӣ ва таъсири идеяҳои ифротӣ дар миёни аҳолӣ эҳсос мегардад. Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» аз рӯзи аввали пайдоиши худ аз эътиқодоти динии сокинони Тоҷикистон, ки 99,9 фоизи онҳо мусулмон мебошанд, суиистифода намуда, ғояҳои таассубгароёна, иртиҷоӣ, ифротӣ ва ҷиҳодиро паҳн менамояд гуфт, - Далери Соҳибназар.

Дар идома гуфта шуд, ки бо назардошти таҳдиди воқеии ТТЭ «ҲНИ», 8-уми июни соли 2016 ТТЭ «ҲНИ» ба рӯйхати созмонҳое, ки дар ҳудуди кишварҳои узви «СААД» террористӣ шинохта шудаанд, таҳти №65 ворид карда шуд. Ҳамчунин, 20-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ТТЭ «ҲНИ»-ро таҳти №70 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ манъ шудааст, дохил намуд. Ғайр аз ин, Маркази зиддитеррористии ИДМ низ ТТЭ «ҲНИ»-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ворид кардааст.

Усмонзода Аюб дар фарҷоми мулоқот зикр намуд, ки дар раванди пурпечутоби замони муосир яке аз ҳадафҳои аслии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ маҳсуб ёфта, дар ин росто мубориза бар зидди ҳамагуна ифротгароӣ, терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар падидаҳои хатарноки ҷомеаи муосир рисолати аслии ҷомеаи Тоҷикистони навин мебошад. Ҷомеаи меҳнатии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва оромиву осудагии кишвари азизамон Тоҷикистонро қадр намуда, дар тарбияи наслҳои худшиносу худогоҳ ва меҳандӯсту ватанпарвар саҳм хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ