​Мубориза алайҳи ВНМО/БПМН

Дар факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мутахассиси шуъбаи эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Салимсоқов Ҷӯрабек мулоқот сурат гирифт.

Ташаббуси мазкурро устодони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ ба роҳ монданд, ки он ба мавзӯи “Мубориза алайҳи ВНМО/БПМН” бахшида шуд.

Дар вохӯрӣ оид ба пайдоиш ва оқибатҳои беморӣ маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, навори иттилоотӣ ба намоиш гузошта шуда, суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ