​Муаррихи варзида ва ходими давлатӣ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 70-солагии доктори илмҳои таърих, профессор академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия Набизода Ваҳҳоб Машраб конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Муаррихи варзида ва ходими давлатӣ” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия оғоз бахшида, баргузории конфронсяи мазкурро дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон фоли нек арзёбӣ намуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ номаи табрикотии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонд.

Дар идома сарвари донишгоҳ қайд намуд, ки профессор Ваҳҳоб Набизода яке аз бунёдгузорони мактаби пажўҳишии ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон мебошанд. Роҳбари донишгоҳ илова намуд, ки Профессор Ваҳҳоб Набизода тамоми ҳастӣ ва фаъолияти пурбаракати хешро ба таҳқиқу баррасии масоили мубрами таърихи халқи тоҷик, хосса таърихи замони муосир, пажӯҳиши нақшу мақоми ҷавонон чун неруи тавоно, созанда ва пешбарандаи ҷомеа, масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, илму фарҳанг, маориф, таърихи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ бахшида, бад-ин васила дар рушду нумӯи илми таърихнигорӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, тарбия ва ба камол расондани муаррихони соҳибунвону садҳо омӯзгорон саҳми арзанда дорад.

Доираи таҳқиқу пажӯҳишҳои илмии профессор Ваҳҳоб Набизода хеле пурвусъату доманадор буда, ба қалами ин муаррихи пуркор ва пурмаҳсул беш аз 700 рисолаву асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, тақризҳои сершумор тааллуқ доранд,- зикр дошт Усмонзода Аюб.

Сипас, дотсент иброҳим Ҷабборов, дар мавзуи “Набизода Ваҳҳоб Машраб-ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ”, дотсент Субҳони Аъзамзод дар мавзуи “Тараннумгари сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои Истиқлол”, Шавкат шарифов “Таърихнигори камназири таърихи ҷавонон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар баромадҳо зикр шуд, ки мундариҷаи эҷодиёт ва пажӯҳиши профессор Набизода Ваҳҳоб фароху доманадор буда, таҳқиқи таърихи созмони ҷавонон, нақши созандаю бунёдкоронаи ҷавонон дар таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа аз таҳқиқотҳои умдаи мавсуф маҳсуб меёбад.

Ёдовар мешавем, ки профессор Ваҳҳоб Набиев барои хизматҳои арзанда бо медали “Хизмати шоиста”, нишони “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нишони “25-солагии ҲХДТ”, медали ҷамъияти “Дониш”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Аловаддин Баҳоваддинов, ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм сарфароз гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ