​Муаррифии Шӯрои нави диссертатсионӣ дар донишгоҳ

Тавре иттилоъ дода будем, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2022, таҳти №88/ш.д. дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Шўрои диссертатсионӣ аз рўи ихтисосҳои 6D060700-Биология, 6D060701-Ботаника, 6D060704-Зоология таъсис ёфта буд.

Имрӯз ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб дар толори хурди раёсат бо доктори илмҳои биологӣ, профессор Хабилов Толибҷон Қодирович – раиси Шӯро, муовини раис олими шинохтаи Ҷумҳурии Ўзбекистон доктори илмҳои биологӣ, профессор, академик Тожибоев Комилжон Шаробиддинович, котиби илмии Шўро номзади илмҳои биологӣ Тоҷибоева Дилбар Эргашовна ва аъзоён Олимони намоён - докторҳои илмҳои биологӣ Бобоев Мариё Тиллоевич, Каримов Саид Бобоевич, Мирзобаҳодурова Шаҳноза Раҳмоновна, Мирзораҳимов Акобир Каримович, Наврўзшоев Довудшо, Холматов Бахтиёр Рустамович аз Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот барпо намуд.

Роҳбари донишгоҳ қайд намуд, ки бори нахуст аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рўи ихтисосҳои биология, ботаника ва зоология Шўрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа ва доктор аз рўи ихтисос таъсис ёфт. Ба ин муосибат, ректори донишгоҳ аъзоёни Шўро, мутахассисони соҳа ва алоқамандони илмҳои биологиро барои анҷоми чунин як иқдоми наҷиб табрику муборакбод намуда, дар кору фаъолияташон тавфиқу комгорӣ, муваффақияту дастовардҳои назаррас таманно намуд.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мутахассисони соҳаи биология вазифаҳои мушаххас гузоштаанд ва олимон бояд корро дар ин самт ҷиддӣ сомон диҳанд. Нафароне, ки дар Шўрои мазкур ҳимоя хоҳанд кард, ки воқеан ҳам дар рушду инкишофи илмҳои биологӣ нақши арзанда гузошта метавонанд. Дар идома ба иштирокдорон туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим гардиданд.

Таъкид гардид, ки таъсиси Шўрои нав боз як иқдоми наҷиб буда, туҳфаи арзандаи устодону мутахассисони соҳаҳои биология, ботаника, зоология бахшида ба 90-солагии донишгоҳ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ