​Муаррифии китоби тозанашр

Дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобҷоҷн Ғафуров китоби тозанашр таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик”, ки ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар нашриёти “Ношир” нашр гардидааст, муаррифӣ гардид.

Нахуст, декани факултети иқтисодӣ, дотсент Манзура Нуриддинова баромад намуда, фикру ақидаҳои худро оиди нашри адабиёти нав баён намуд. Мавсуф афзуд, ки китоби мавриди назар ба фаъолияти пурсамар ва корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Дар китоб мақолаҳои донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ ҷамъоварӣ шудаанд, ки ифодагари корномаҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Зикр шуд, ки таърихи давлатдории навини тоҷикро бидуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Китоб ба доираи васеи хонандагон ва иродатмандон пешниҳод мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ