​Муаррифии китоби «Милоди муҳаббат»

Дар факултети санъат рўнамоии китоби дотсенти кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Убайдуллоев Сайдулло таҳти унвони «Милоди муҳаббат», ки ба муносибати 80-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев аз ҷониби нашриёти «Хуросон» ба табъ расида буд, баргузор гардид.

Аз ҷониби дотсенти кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Убайдуллоев Сайдулло тамоми сурудҳои устод Ҷўрабек Набиев ҷамъоварӣ ва ба нота гирифта шуданд. Китоби мазкур аз ду ҷилд иборат буда, қисми аввал сарсухани доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов ва Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзонаро фарогир буда, 9 бобро дарбар мегирад. Дар фаслҳои китоб тарҷумаи ҳоли Ҷўрабек Набиев, сурудҳои тоҷикии ба нота гирифта шудаи устод (дар маҷмуъ 130), сурудҳои классикӣ ва халқии дар тўли фаъолияташон сурудаи устод гирдоварӣ ва ба нотабандӣ шудаанд. Инчунин дар боби алоҳида арўзи сурудҳои устод муайян ва вориди китоб гардидаанд.

Ҷилди дуюм фарогири зиндагинома ва маҳсули пурэъҷози Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷўрабек Набиев ва 103 суруди ўзбекии устод мебошад.

Баъди ироаи маърўза андешаҳои устодон - дотсент Солиҷонов Нодирҷон, дотсент Худойбердиев Султоналӣ доир ба сабки сурудҳои устод Набиев Ҷўрабек ва доир ба мазмуну мундариҷаи китоби мазкур шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ