Муаррифии китоби “Антологияи адабиёти ӯзбекии Тоҷикистон”

Дар факултети филологияи ӯзбек муаррифии китоби тозанашр “Антологияи адабиёти ӯзбекии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар чорабини аз раёсати донишгоҳ, сардори шуъбаи таъбу нашр профессор Насимҷон Ҳамробоев иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро оиди нашри адбиёти нав баён намуд. Баъдан, декани факултети филологияи ӯзбек, дотсент Баҳромҷон Ҷабборов дар мавзӯи “Аз таърихии робитаи адабии ӯзбеку тоҷик”, раиси маркази маънавият ва маърифати ӯзбекон дар вилояти Суғд, номзади илмҳои педагогика Илҳомҷон Юсупов дар мавзӯи “Антологияи адабиёти ӯзбекии Тоҷикистон – неъмати Истиқлолоият”, мудири кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он, дотсент Абдусамад Эрмухамедов дар мавзӯи “Баъзе фикру мулоҳизаҳо оид ба мазмун ва мундариҷаи антология” маърӯза ироа намуданд. Ҳамчунин адибон Султонмурод Ҳоҷибоев, Ёқубҷон Очилов, Ҳакимҷон Зокиров перомуни адабиёти тозанашр андешаҳои худро баён доштанд.

Дар фарҷом донишҷӯёни факултет аз китоби “Антологияи адабиёти ӯзбекии Тоҷикистон” шеърҳо қироат намуданд. Сипас, аз тарафи маркази маънавият ва маърифати ӯзбекон дар вилояти Суғд ба китобхонаи факултети филологияи ӯзбек якчанд нусха аз китоби мазкур ҳадя карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ