​Муаммоҳои муосири нақшакашӣ

Дирӯз дар Арт-Галереяи “Монӣ”-и факултети санъати тасвирӣ ва технология конференсияи минтақавии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Муаммоҳои муосири нақшакашӣ ва нақши он дар ташаккулдиҳии маърифати графикии донишҷӯён” бахшида ба 70-солагии профессори кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Каримҷон Ҷӯраев ташкил ва гузаронида шуд.

Дар кори конференсия сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Ромиз Абдуллоев сухаронӣ намуда, доир ба нақши конференсия минтақавӣ ва мубрамияти мавзуи он ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки ташкилу баргузории чунин ҳамоишҳо дар рушди илм ва хосатан муаммоҳои муосири нақшакашӣ басо муҳим мебошад.

Сипас, Саидмаҳмад Олов - дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим дар мавзуи “Ташаккул додани маърифати графикӣ, омилест дар амалӣ гардонидани ҳадафи саноатгардонии мамлакат”, Мунаввара Қодирова - дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим дар мавзуи “Олиме, ки номи накӯ дошт”, дотсент Дадобоева М. дар мавзуи “Саҳми устод дар рушди корҳои илмӣ тадқиқотӣ” маърӯза ироа намуданд.

Дар баромадҳо қайд шуд, ки профессор Ҷӯраев Каримҷон ба маънои том донишманди бузург, олими асил ва донандаи хуби касбу кори хеш буданд.

Профессор Ҷӯраев Каримҷон танҳо бо додани дониш ба шогирдон қаноат накарда, ба онҳо одамгарӣ, поквиҷдонӣ, ҳалолкориву покизагӣ, вазифаю садоқатро низ меомӯзониданд.

Дар фарҷоми конференсия меҳмонон аз намоиши корҳои эҷодӣ, дастовардҳои донишҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD) ва устодони факултет дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ