​Муаммоҳои истифодаи самарабахши технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти таълим

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғауров ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» конференсияи вилоятии илмӣ-амалии таҳти унвони «Муаммоҳои истифодаи самарабахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти таълимӣ-тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» бо иштироки олимони соҳа баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Мавсуф афзуд, ки сиёсати дурбинона ва маърифатгароёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла илм ва маориф такони ҷиддӣ бахшид. Рушди илм ва маориф, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъкид гардидаанд, мавриди таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат қарор дорад.

Роҳбари донишгоҳ қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, барномарезиҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мунтазам корҳои мӯҳиму арзандаеро ба сомон расонида, минбаъд низ чуинин иқдомҳоро идома медиҳад.

Сипас, устодон Мунаввар Мухторова дар мавзуи “Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳои синфҳои ибтидоӣ”, Садулло Кароматуллоев дар мавзуи “Аҳамияти истифодаи технологияи инноватсионии муосир дар дарсҳои математикаи синфҳои ибтидоӣ”, Мунира Камолова дар мавзуи “Истифодаи тахтаи электронӣ дар ҷараёни таълими фанҳои гуманитарӣ” маърӯза ироа намуданд.

Конференсия аз рӯи чор бахш ба кори худ идома бахшида, дар бахшҳо наздики 50 маърӯза шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ