​Муаллими мактаби муосир

Донишҷӯёни курси якуми факултети забонҳои шарқ аз мактаби хусусии “OXFORD SCHOOL” дар шаҳри Хуҷанд дидан карданд. Ин ташаббус дар доираи машғулияти амалиии фанни педагогика доир ба мавзӯи “Муаллими мактаби муосир” ба роҳ монда шуд.

Сармуаллими кафедраи педагогикаи умумӣ Файзиев Аҳмадҷон ба донишҷӯён доир ба фаъолияти омӯзгорон дар мактабҳои муосир маълумот дод.

Ҳамзамон, донишҷӯён ба дарсҳои муаллимоне, ки аз хориҷи кишвар дар мактаби “OXFORD SCHOOL” фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён доир ба фаъолияти мактабҳои муосир ва масъулияту уҳдадориҳои омӯзгорон дар чунин муассиса унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ