​Муаллифони “Мақолаи беҳтарин” муайян ва сарфароз гардиданд

Омуни умумидонишгоҳии “Мақолаи беҳтарин”, ки бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст шуд.

Ба ин муносибат дар доираи чорабинии тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Ҷойи якумро дар озмуни мазкур миёни устодону кормандони донишгоҳ Сангинов Мирзосодиқ, омӯзгори факултети геоэкология ва туризм сазовор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мақомро инчунин дар ин озмун Тоирова Мавлуда, сармуаллимаи факултети санъати тасвирӣ ва технология соҳиб гардид.

Ҷамолзода Хушрӯз, корманди шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ сазовори ҷойи дуюм ва ҳамин мақомро ҳамзамон, Файзиева Ҳанифахон, омӯзгори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус сазовор гардиданд.

Ҳамзамон, Зарипова Шаҳноза, сармуаллимаи кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии факултети филологияи тоҷик, Шоҳҳусейнзода Шоҳрӯз, унвонҷӯи кафедраи педагогӣ ва табиию риёзии факултети муҳандисӣ ва Юнусова Зебо, муаллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии факултети муҳандисӣ дар озмуни мазкур ғолиб ва сазовори мақоми сеюм шуданд.

Дар ҳамин озмун мақоми ифтихориро мёини муҳассилини донишгоҳ Ҳамрозода Маҳҷабин, Тухтаева Маҳноза, Каримова Нодира, Ҷабборова Ирода ва Бобоева Нурбибӣ соҳиб шуданд.

Ба ғолибон аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ