​Моҳвораи ҷавонӣ: ташаббусҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар таърихи 23 май таҷлил мегардад, дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Ин ташаббусро масъулини шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ намуданд, ки ҳадаф аз он сазовор истиқбол намудан аз рӯзи ҷавонон унвон мешавад.

Дар доираи ин ибтикор аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳҳо саҳнаҳои ҷолибу пурмазмун намоиш дода шуда, шеъру таронаҳои дилнишин садо доданд.

Ҳунарнамоии аъзои ансамбли “Навои ҷавонӣ” ва факулети санъати донишгоҳ табъи иштирокдоронро болидатар намуда, сурудҳои шуниданиву рақсӣ дар иҷрои сарояндагон ба чорабинӣ шукуҳи бештар эҳдо намуд.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати дар сатҳи арзанда пешвоз ва таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо барои моҳи май – “Моҳвораи ҷавонӣ” тартиб ва тасдиқ шудааст, ки дар доираи он чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳои гуногунсатҳ, фестивали “Навои ҷавонӣ-2023”, мусобиқаҳои варзишӣ, “Шоми ҷавонӣ”, озмуни “Донишҷӯи сол” ва силсилаи дигар анвои чорабиниҳо доир гардида, то охири моҳ идома хоҳад ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт мунтазам тадбирҳои зарурӣ ва судмандро ба роҳ мемонад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ