​Моҳвораи ҷавонӣ: Ҷавонон пайравони Пешвои миллат

Дар мавзеи Хуррамшаҳри Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба моҳвораи ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ислом ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, афзуд, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими низоми давлатдории миллӣ ба шумор рафта, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат бо ифтихормандӣ аз насли ҷавони замони истиқлол ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи онҳо баҳои сазовор додаанд, ки ин ташаббус аз мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, хоса ҷавонон масъулияти дучандро тақозо менамояд, - зикр дошт Усмонзода Аюб.

Сипас, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Каримзода Мирзоқосим иштирокчиёнро ба муносибати моҳвораи ҷавонон табрик гуфта, зикр дошт, ки замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои миллат варзишгарон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Пешвои миллат вобаста ба ин, зимни ироаи Паёмашон ба парлумони кишвар ёдовар шуданд, ки «Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем». Ҳамзамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуданд, ки «Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем».

Мавсуф қайд намуд, ки баҳри рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир карда шуда, бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш байни байни ҷавонони вилоят, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим мунтазам машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешаванд. Маҳз туфайли ташкили мунтазами машқҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ дастаҳои варзишгарони донишгоҳ дар якчанд мусобиқаҳои варзишии шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро соҳиб мегарданд.

Дар идома ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, тадбирҳои амалӣ меандешад.

Дар интиҳо барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуда, ба кори чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ