​Мо зидди паҳншавии ВНМО/БПНМ ҳастем!

Бо ташаббуси кафедраи филологияи араб бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ бо иштироки донишҷӯён мизи мудаввар гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки БПНМ (аз русӣ: СПИД синдром приобретённого иммунного дефицита (форсӣ: ایدز); бемории пайдошудаи масъунияти бадан-БНМБ) бемориест, ки онро вируси норасоии масъунияти одам ба вуҷуд меорад.

Гуфта шуд, ки БПНМ ин зинаи охирини ВНМО мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайҳи БПНМ хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.

Ҳамзамон, аз ҷониби омӯзгорон роҳҳои пешгирии ин беморӣ шарҳ дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ