​Мо зидди коррупсия!

Бо ташаббуси Шурои духтарони Донишгоҳ дар дар биноҳои таълимӣ аксияи “Мо зидди коррупсия” баргузоргардид. Аъзоёни Шурои духтарони Донишгоҳ ба донишҷӯён дар бораи пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ, зарари он ба ояндаи ҷавонон ва рушди ҷомеа маълумот доданд.

Қайд карда шуд, ки фасод ё коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша дар мадди назари мақомотҳои давлатӣ қарор дошта, ҷиҳати решакан намудани он дар ин самт қонун ва стратегияҳо амал менамояд. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба зидди коррупсия”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошта меояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ