​Мо – зидди амалҳои номатлуб

Перомуни ин мавзуъ дар факултети биология ва химия хониши сиёсӣ сурат гирифт. Дар доираи ин иқдом муовини раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, нозирони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Матлуба Солизода ва Шоҳрӯз Баҳруллозода, намояндагони раёсати донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Мубориза бо амалҳои номатлуб ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мавзӯи меҳварии мулоқот буд.

“Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем” – зикр шуд дар мулоқот.

Иштирокчиён перомуни масоили мавриди матраҳ ибрози назар намуда, донишҷӯёнро ба илму донишандӯзӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ