Мо – тарафдорисулҳу якдилии халқҳои тоҷику қирғиз

Соли равон 3 июн дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҳарбии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст.

Дар натиҷаи оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик аз яроқи оташфишон, ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмӯӣ ва миномётҳоро аз ҷумла ба тарафи ҷойҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд. Сарҳадбонони Қирғизистон изҳор доштанд, ки дар муноқишаи сарҳадӣ қувваҳои ниҳодҳои алоҳидаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он ҷониб шомил нестанд, истифода мешаванд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои зудӣ оташбас муяссар гардид. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон такрор ёфтани таҷрибаи аз ҷониби Қирғизистон сарфи назар кардани мувофиқаҳои калидӣ, пеш аз ҳама оид ба манъи истифодаи яроқи оташфишон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва риояи қатъии хатти рафтори сарҳадбононро, дубора зикр менамояд.

Тоҷикистон амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистонро маҳкум намуда, аз риояи қатъии ҳамаи мувофиқаҳои бадастомада ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда, даъват ба амал меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳалли мусолиҳатомези масоили бо Ҷумҳурии Қирғизистон бавуҷудома таъкид менамояд.

Ба назар мерасад илова бар талоши мақомоти ду кишвар барои эҷоди сулҳ миёни аҳолии марзнишин, олимони ин минтақа, ки ҷойгоҳе дар байни дардуми ду ҳамсоя доранд ҳам бояд талошҳое барои сулҳ анҷом диҳанд.

Мо ҷавонон, намегузорем, ки душманони халқу миллат аз он худ намояд ва то зинда ҳастем барои ҳимоя намудани марзу бум, сулҳу салоҳ, дӯстиву рафоқат мубориза мебарем.

Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ