Мо тарафдори сулҳу дӯстӣ мебошем!
Устод Абдуллоҳи Раҳнамо бисёр масъалаи мубрами рӯз яъне роҳи ҳалли муноқишаҳои сарҳадиро муайян намудаанд, ки дар ҳолати супоридани 211 000 га замини Тоҷикистон, ки дар истифодаи Қирғизистон қарор дорад , баҳси марзӣ хотима дода мешавад. Чи тавре, ки худи устод қайд намудаанд ин баҳси марзӣ нест, балки Тоҷикистон ҳаққи қонунии худашро талаб мекунад.
Аммо гап сари он аст, ки оё ҷониби Қирғизистон инро мепазирад ё не?
Агар фарз кардем хатти сарҳадро бо ҷадвал муайян карда шавад, дар ҳолати 1 см каҷ кашидани хат, ки ба зарари Қирғизистон бошад, онро намепазиранд.
Аммо ин қадар замини бузургро (211 000 га) ҳаминхел бароварда медиҳанд?
Албатта хеле хуб ҳам шуд, ки мақолаи таҳлилии коршиноси байналмиллалӣ Абдуллоҳи Раҳнаморо бо забони рӯсӣ, англисӣ тарҷума карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Хуб мешавад, агар бо забони қирғизӣ низ тарҷума шавад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши мардуми Қирғизистон гардад, то мардумаш фаҳмад, ки Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест ва ба гирифтани замини қонунии худ ҳақ дорад.
Агарчӣ мавод бо забони рӯсӣ аст ва мардуми қирғиз , низ забони рӯсиро хеле хуб медонанд, вале амри маҳол аст, ки онҳо аз ин маводи таҳлилӣ огоҳ шаванд, зеро пинҳонаш медоранд ва ба марази мардум намегузоранд.
Имрӯз, ки гап сари манфиати давлати азизамон Тоҷикистон меравад, бояд манфиати халқу миллати худро аз ҳама боло гузорем , чунки 211 000 га замине нест, ки онро ба замини деҳқонии падару бобоҳоямон муқоиса кунем, замине аст, ки баробари давлати Люксенбург ва Сингапур ва аз шаҳри Душанбе бо маҳалаҳои гирду атрофаш даҳ баробар бузургтар аст, ки ба иҷораи Қирғизистон дода шудааст ва аз супоридани он худорӣ менамояд.
Мо мардуми ҷангхоҳ ва таҷовузгар нестем, хоҳишманди он ҳастем, ки масъала бо ба инобат гирифтани тарафайн ва ҳусни ҳамҷавоҳирӣ бо роҳҳои дипломативу нишасти тарафҳо роҳи ҳалли худро ёбад ва тоҷику қирғиз чун дӯсту бародар канори ҳамдигар зиндагӣ намоянд. Мо зидди ҷанг ва муноқишаҳо мебошем, хоҳишманди он мебошем, ки масъала ҳарчӣ зудтар роҳи ҳалли худро ёбад ва донишҷӯёни тоҷик низ тавонанд бо эҳсоси баланди илмомӯзӣ дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва кору фаъолият намоянд.
Мо тарафдори сулҳу дӯстӣ мебошем....аммо, вале , лекин , агар дӯсте, ки ҳаққи моро мехӯрад ва аз пушт ба мо ханҷар заданӣ мешавад, ханҷарашшшшшро хоҳем шикаст!!!
Абдуллоҳ Ромиз