Мо ҷонибдори сулҳу субот
Мутаассифона, солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи начандон хуб қарор доранд ва сабаби асосии он аломатгузорӣ нашудани қисми зиёди сарҳади ин ду кишвари ҳамсоя ба шумор меравад. То ин дам борҳо комиссияи муштарак барои ҳалли проблемаи мавҷуда ташкил карда шуд. Илова бар ин, байни Тоҷикистону Қирғизистон якчанд маротиба шартномаҳои махсус оиди бо роҳи мусолиҳатомез ва дипломатӣ ҳал намудани низои байнидавлатӣ ба имзо расонида шуданд. Вале, мутаассифона, амали роҳбарияти мамлакати ҳамсоя нишон медиҳад, ки онҳо ҷонибдори ба муовифиқа расидан бо истифода аз методҳои осоишта нестанд. Онҳо доимо сабабгори сар задани низоъ бо мо ҳастанд, вале ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вонамуд карда истодаанд, ки айбдор нестанд ва ҷонибдори сулҳу субот ҳастанд. Ҳолати ба амаломада нишон медиҳад, ки роҳбаритяи ин мамлакати ҳамсоя “сиёсати дугона”-ро пеша кардааст ва мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ кунад. Лекин, ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои нек бо мамолики дунё, алалхусус, бо кишварҳои ҳамҷавор буд. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин гуфтаҳоро тасдиқ менамояд. Меҳвари сиёсати хориҷии моро принсипи “дарҳои кушод” ташкил мекунад ва пеш гирифтани чунин сиёсат аз он шаҳодат медиҳад, ки мо ҷонибдори густариши муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо ҷаҳони хориҷӣ ҳастем.
Камолиддини Раҷабзод!