Мо набояд бетараф бошем!
Вазъи сиёсиву идеологии воқеаҳои охир дар ВМКБ ҷомеаи тоҷикро хело андуҳгин намуданд. Зеро нооромии як гушаи биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон моро намегузорад, ки ором бошем ва нисбати мардуму сарзамини он бетараф бошем. Ин аст, ки таи чанд моҳи охир вазъият дар ВМКБ аз ҷониби гуруҳҳои ҷиноятпеша муташанниҷ гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мусоидати мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои муайян ба анҷом расиданд. Аз ҷониби ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят барои пешгирии минбаъдаи қонуншиканиҳо як қатор чораҳои зарурӣ андешида, шаҳрвандонеро, ки дар амалҳои ғайриқонунӣ даст доштанд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар паи ором намудани вазъ дар ВМКБ масъулини идораву муассисаҳо, собиқадорон, бонувон ва ҷавонони фаъол дар шаҳру навоҳии вилоят бо мардум мулоқоту вохуриҳо баргузор намуда, аҳли ҷомеаро ба риояи тартибот даъват намуданд.
Бо вуҷуди гузаронидани бисёр чорабиниҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар вилоят ҳануз ҳам баъзе аз зуҳуроти манфӣ барои пурра ба эътидол овардани вазъият монеа эҷод мекунанд.
Шахсони ҷиноятпеша ва ҳаммаслакони онҳо бо ҳар роҳу восита кушиш намуда истодаанд, ки вазъро дар ин вилоят бо овардани ҳар гуна маълумоти иғвоангезона ва буҳтону суханони таҳқиромез дар байни мардум ҳисси бадбинӣ ва душманиро ба миён оваранд.Чуноне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ пай бурдан мумкин аст ҳатто ҳаммаслакони онҳо, ки берун аз кишвар қарор доранд ва бо ҳар гуна муроҷиатҳо баромад намуда, руирост мардумро ба итоат накардан ба қонун ва эътироз даъват менамоянд. Дар байни муроҷиаткунандагон нафаронеро низ пайдо кардан мумкин аст, ки онҳо барои содир намудани ин ва ё он ҷиноят дар ҷустуҷуи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.
Ба хотири пойдории сулҳу субот ва оромӣ зарур аст, ки ташвиқу тарғиби таърихи пурифтихори миллат, волоияти қонун, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, ҳифзу ҳимояи арзишҳои волои миллию инсонӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими хаёти маънавии ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Мо итминони комил дорем, ки бо сиёсати хайрхоҳона ва сулҳпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар пойдор хоҳад монд.
Исмоилова М.-сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ