Мо мардуми тоҷик ҷонибдори сулҳу суботем!
Амалҳои номатлубе, ки санаи 27-уми январи соли 2022 дар деҳаҳои Сомониён ва Хӯҷаи Аълои Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бегоҳирӯзӣ бо шаҳрвандони наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон сар зад ташкилкунандаи онҳо баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ аз ҷумҳурии ҳамсоя мебошанд амният ва суботи ҷомеаро халалдор месозад. Ин муноқиша таи солҳои охир, ки ҳамеша шаҳрвандон ё мақомоти қудратии Қирғизистон сабабгори асосии он мегарданд, маротибаи чандум буда, сабабгори хароб гардидани хонаву дари мардуми осоишта, ҷон бохтани мардуми осоишта аз тири ногаҳонӣ мегардад. Сабабгори асосии муноқишаи навбати сарҳадбонон ва баъзе ҷангҷӯёни кирғиз ба ҳисоб мераванд.
Аз маълумотҳои Маркази матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон гардида, парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайронкардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, барало маълум аст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва иғвоангези ҷониби қирғиз аз ин истифода баранд ва ҳатто барои пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои бардурӯғро паҳн карда истодаанд.
Айни ҳол байни роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ботканд гуфтушунид идома дорад.Мо ҷонибдори сулҳу субот ва оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошем. Дар вазъи муосири ҷаҳон ва минтақа шаҳвандон ва ҳангоматалабони қирғиз низ бояд ороми ва тинҷиву осоиштагиро қадр кунанд ва ба ҳар гуна иғвову дасисаҳо дода нашаванд.
Ҷ. Абдукаримов, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърих ва ҳуқуқ