Мо мардуми шарифи Тоҷикистон якдилу яктанем

Миллати шарафманду бо нангу номуси тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи хеш аз ҳуҷумҳои ногаҳонии душманони дохилии худ ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмалику Восеъ, ки кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои хеш мулкро ба дасти нохалафон дода буданд, ки исботашро мо тайи чанд соли охир дар симои ин хел хоинони миллату нохалафон дарккардем.

Дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон оиди вазъияти ба вуқӯъ омадаи кишвари ба мо дусту ҳамсоя Афғонистон нишон медиҳад, ки беш аз ҳарвақта мардуми Тоҷикистон аз вазъияти дар Афғонистон шуда истода ҳама дар ташвишанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронии худро нисбати масъалаи мазкур садҳо нафар баён намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб менамоянд, ки ба ҷабҳаи муқовимати Афғонистон алайҳи Толибон эътирози худро баён намуда, чораҳои ҷидди андешанд.

Ҳодисаҳои сипаришуда моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзатиёни “бунёдгаро» ва хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем.

Тавре, Сарвари давлат, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи чаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд дар ҳаёти хеш татбиқ созем ва барои амали нашудани орзуҳои нохалафон мубориза барем.

Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, таҳкими истиқлолият, рушди иқтисодиёти миллӣ, пойдории иҷтимоӣ ва суботи сиёсии кишварамон, ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми нерӯ ва имкониятҳои мавҷударо сафарбар бояднамоем.

Имрӯз кишвари азизам Тоҷикистон бо ибтикору дастгириҳо ва заҳматҳои доимии Пешвои муаззами миллат ва бо саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакатамон ба кишвари ободу зебо табдил ёфтааст. Дар натиҷаи иқдомҳои ҳадафмандона рушди устувори миллӣ дар кишвар таъмин гардида, ҷиҳати беҳдошти зиндагии мардуми кишвар шароити беҳтарин фароҳам гардидааст.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистон якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем, чунки Пешвои маҳбуб дорем. Ният бар он дорем, ки миллати моро шикаст доданд амрест маҳол, зеро беху бунаи онро халқи азиз махқам доштаст. Хоину ватанфурӯшон ва инчунин парвардаҳои наҳзатиҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳеҷ гоҳ пирӯз наҳоҳанд шуд.

Малика Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ