​Мо хоҳони сулҳем

Санаҳои 14-17 сентябри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани истиқлолият, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғасб намудани ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

Дар натиҷа садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардошта, даҳҳо нафар ҳалок гардидаанд. Ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳими ҷамъиятиву давлатӣ ва техникаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шудааст.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки ҳарчанд ҳамеша ва ҳар бор ҷанг аз ҷониби Қирғизистон оғоз шуда, сабаби марги афроди бегуноҳ, харобии хонаву манзилҳои мардуми осоишта мегардад, вале воситаҳои ахбори умум ва ҳатто чандин нафар аз чеҳраҳои сиёсии ин кишвар Тоҷикистонро ба паймоншиканӣ айбдор карда, оғози ҷангу хунрезиро ба қӯшунҳои сарҳадии кишвари мо нисбат медиҳанд. Гузашта аз ин вақте ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва оташбас эълон намуданд, боз ҳам дар кӯтоҳтарин фурсат ҷониби Қирғизистон қавонини ин оташбасро дағалона ва бо анҷоми ҷиноятҳои вазнини зиддиинсонӣ вайрон намуд. Нахуст, ин ки ба масҷиде дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавассути ҳавопаймои бесарнишин ҳамла карда шуд, хосатан вақте ки мардум барои адои намоз мерафтанд. Ба гуфтаи баъзе шоҳидон ҳатто вақте ки мардум барои хондани намози ҷанозаи онҳое, ки қурбони тири сарҳадбонони қирғиз шуда буданд. Баробари ин, ҳамла ба мактаб, ки макони муқаддаси маърифат ва такмили ақлу хиради инсонҳост, камтар аз ҷинояте нест, ки тариқи анҷоми таркиш дар масҷид сурат гирифтааст. Эҷоди тарс дар вуҷуди кӯдакони бегуноҳ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан ва ҳатто марги баъзеи онҳо пайомадҳои номатлуби чунин амалҳои ғайриинсонӣ ба шумор мераванд.Ҷинояте, ки инсон набояд ҷасорати даст ба он заданро дошта бошад. Болои ҳамаи ин ҳамла ба мошини ёрии таъҷилӣ, ки барои наҷоти ин бегуноҳон талошмекардаро чи метавон унвон кард, ҷинояти вазнини ғайриинсонӣ, душмании инсоният, амали террористӣ ва ё чизи дигар? Харобкориҳои зиёд дар манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои Хистеварз, Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара ваҳшонияте беш наметавонанд бошад, чун вақте инсон медонад, ки дар ин хонаҳо афроди бегуноҳ, инсонҳои синну соли гуногун, аз ҷумла кӯдакон зиндагӣ мекунанд, бо кадом дасту дил барои қатъи хандаҳои беғаш дар лабони кӯдакон даст мезананд.

Мо омӯзгорони кафедраи электроникаи факултети физикаю техника аз ин ҳодисаи ғайричашмдошт хеле андуҳгин гашта ба душманон ва гуруҳҳои номатлуби Ҷумҳуриямон гуфтанием: мо ҳеҷ гоҳ Ватани худ, хонаи худро дар зери хатар нахоҳем гузошт ва ҳамеша барои сулҳу осоиштагии Ватанамон ҷони худро дареғ намедорем. Моён ҳамаи дастуру пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллатро бо дарки масъулият эҳсос намуда, дар иҷрои сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, саҳми арзандаи худро мегузорем.

сармуаллимони кафедраи электроникаи факултети физикаю техника, Бобоева Набуватхон Баҳовадиновна ва Аҳророва Маъсумахон Ҳайдаровна


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ