Мо дар канор нестем

Боиси ифтихор аст, ки санаи 17-сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Ин боиси он аст, ки Тоҷикистони мо аз ҷониби тамоми мамлакатҳои ҷаҳон эътирофёфтаву соҳибнуфуз аст. Баргузории ин вохӯри дар сарзамини Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки давлати мо давлати комилҳуқуқ ва демокративу дунявӣ аст.

Дар мулоқоте, ки байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад вазъи кунунии ҳамсоякишвар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки кишвари Афғонистон низ ба узвияти СҲШ пазируфта шуда буд. Азбаски ҳокимияти ин давлат ба дасти тундгароёнаи “Толибон” афтодааст дар ин мулоқот ягон намояндае аз кишвари Афғонистон иштирок намекунанд. Аз ҳамкори бо Толибон ҳатто67 сафоратхонаҳои Афғонистон, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доштанд, ҳокимияти “Толибон”-ро ҳамчун ҳукумати қонунӣ эътироф накарданд. Ҳаракатитундгароёнаи “Толибон” рӯз то рӯз дар шаҳру вилоятҳои Афғонистон паҳн шуда мардумро бар доми азобу шиканҷа гирифтор карда истодаанд. Вой бар ҳоли чунин мамлакат, ки мардумонаш дар азобанд.

Умедворем, ки дар вохӯрӣ ин муаммои ба амаломада роҳи ҳалли худро меёбад. Ва ба сари мардуми афғон низ офтоби сулҳу салоҳ ва оромиву осудагӣ нурпоши мекунад.

Дар урфият мегӯянд, ки “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ”. Мо ки бо Афғонистон дар як сарҳад қарор дорем ин масъала Пешвои муаззами моро низдар канор нагузошт ва талош ба он доранд, ки дар кишвари ҳамсоя низ тинҷиву ороми бошад. Зеро, ки агар хонаи ҳамсоя тинҷ бошад, хонаи мо ҳам орому осуда аст.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ