Мо ҷавонон тарафдори дасисаҳои Кабирӣ нестем!

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълумва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимонва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте ки аъзоисобиқ Ҳизби Наҳзатиислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост.

Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, киба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки на танҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст.Барои ҳамин, дар навбати аввал зан-модархудаш бояд таҳсилкарда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ӯро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадритинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бирасад.

Тавре, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайвастамаҳкуммекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд.

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватанва на ҷомеъаҳеҷ гоҳнамебахшад. Имрӯз он дасисабозии хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Беҳуда бузургон нафармудаанд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ аз ивғою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрӯзҳо ин хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Имрӯз ӯ инсони дар ба дар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.
Маликаи Хубон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ