​Мизи гирд: шарҳи афкори пандуахлоқии Рӯдакӣ

Ҳамасола дар Тоҷикистон 22-юми сентябр ба хотири бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷик, Рӯзи Рӯдакӣ гузаронида мешавад. Ба ин муносибат дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳ мизи гирд таҳти унвони “Дар Аҷаму Араб мисли Рӯдакӣ шоире нест” бо иштироки директори китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, Баҳром Мирсаидов ва устодону донишҷӯён ташкил ва баргузор гардид.

Дотсент Абдуҳаким Шарипов чорабиниро оғоз бахшида, доир ба аҳамият ва муҳиммияти он ҳарф зад.

Сипас, Баҳром Мирсаидов иброз дошт, ки дар таърихи адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз суханварони шинохта маҳсуб ёфта, афкори ахлоқии ӯ дар тамоми давру замонҳо дар тарбияи маънавии ҷомеаи башарӣ нақши мондагорро соҳиб аст.

Гуфта шуд, ки ашъори то ба мо расидаи устод Рӯдакӣ гувоҳи мақоми бузургии шоирро дар сухан ва суханпардозӣ нишон медиҳад.

Дар баромадҳо доир ба хизматҳои шоён ва хусусиятҳои барҷастагии осори Рӯдакӣ дар рушду такомули забони форсӣ-тоҷикӣ сухан рафт. Ҳамчунин дар идомаи мизи гирд донишҷӯён аз ашъори шоир шеъру ғазалҳои қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ