Мисли модар дӯст медорам туро...
Мардуми меҳанпарасту сулҳхоҳи тоҷик аз аввал абармардони бонангу номус, бофарҳанг ва инсонҳои башардӯсту ошнопазир буда, бо намояндагони ҳамаи халқу миллатҳо риштаи дӯстиро мустаҳкам ва робитаҳои ҳамкориро ривоҷу равнақ дода, то ин дам ин равандро идома дода истодааст.
Халқи шарафёри Тоҷикистон, алалхусус, ҷавонони шуҷоатманду бо ору номуси даврони Истиқлолият шукргузор аз он доранд, ки дар фазои ободу осоишта ва оромӣ умр ба сар мебаранду аз неъматҳои истиқлолият баҳрабар ҳастанд.
Мутаассифона, дар байни мардум шахсони бадкирдору сиёщдил пайдо мешаванд, ки бо кӯтоҳақливу беандешагӣ бо роҳҳои бад мераванду, озодиву осоиштагиҳои халқи худро зери по мекунанд ва дӯстиву ҳамкориҳои башардӯстонаро чашми дидан надоранд.
Муҳиддин Кабириву ҳаммаслаконаш аз қабили ин гуна одамонанд, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро чашми дидан надоранд ва бо чашми ҳасуд ба мо менигаранду доиммо бо истифода аз фурсатҳо камони нафрату иғвояшонро ба сӯи мо мезананд. Ба дом афтодагони онҳо муҳоҷирони бечора мебошанд, ки берун аз Ватан кор мекунанду бар васвасаҳои онҳо дода мешаванд.
Нафаре, ки ба Ватанаш дилаш месӯзаду дӯст медорад, берун аз кишвар низ Ватанашро ситоиш мекунад ва намегузарад, ки касе онро бадном кунад. Мардуми тоҷик ба осонӣ ба чунин комёбиҳо ноил нашудааст. Зеро ба даст овардани Истиқлолият кори осон нест. Мо Истиқлолияти худро бо сайъу талош ва ҷонбозиҳои Пешвои муаззами хеш, ки барои ободии миллати худ чизеро дареғ намедоранд ба даст овардаем.
Вазифаи мо ин оромиро нигоҳ доштан ва барои насли оянда меърос гузоштан аст.
Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,
Тоҷикистони ҷавону дилбарам.
Мисли тифле дӯст медорам туро,
Аз ту ояд бӯйи шири модарам.
Дӯст дорам ҳар ниҳоли сабзи ту,
Ҳам Бадахшон, ҳам Зарафшони туро.
Биоишаи Назар