​Методикаи тадқиқоти бахудбаҳодиҳии шахсият

Дар кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ семинари илмии намунавӣ таҳти унвони “Методикаитадқиқоти бахудбаҳодиҳии шахсият” баргузор гардид.

Сараввал мудири кафедра, дотсент Сайфулло Бойматов ба кори семинар ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан, дотсент Гулнора Мамадалиева ва сармуаллим Махсудҷон Нӯмонов бо маърӯзаҳоимубрам баромад намуданд. Дар баромадҳои роҷеъ ба масъалаҳои худшиносӣ, худтанзимкунӣ, худогоҳӣ, худбаҳодиҳии шахсият ва тадқиқотутаҳлили илмии худбаҳодиҳии шахсиятро маврди баррасӣ қарор доданд. Дар маърӯзаҳо аз барои асоснок намудани фикр аз тадқиқотҳои олимон намунаҳо оварда шуд.

Дар хотима оид ба масъалаиметодикаҳоимуайянкунии бахудбаҳодиҳиидавраҳои гуногуни синну солӣ, транформатсияи худбаҳодиҳииғайримеъёрӣ ба меъёрӣ саволу ҷавоб гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ