Методи гузориши тригонометрӣ

Дар мавзӯи “Методи гузориши тригонометрӣ дар ҳалли муодилаҳои ғайристандартӣ” маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид.

Маҳфили мазкур дар доираи ҳафтаи илм доир шуд. Дар доираи маҳфил бо якчанд мисолҳои мушаххас истифодаи гузориши тригонометрӣ дар ҳалли муодилаҳо шарҳ ёфта, муаррифии мавзӯъ дар тахтаи электронӣ намоиш дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили илмӣ-намунавии донишҷӯён бо номи «Ал-ҷабр» дар факултети математика ҳар моҳ доир мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ