​Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика чорабинии тарбивӣ-фарҳангӣ бахшида ба 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Меҳргон таҳти унвони “Меҳргон иди деҳқон ва рамзи фаровонӣ” бо иштироки донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ дар хобгоҳи рақами №3 ташкил ва гузаронида шуд.

Дар сухани ифтитоҳи мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика, дотсент Ҳусенбой Ахмедов зикр кард, ки Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Дар идома маърӯзачиён роҷеъ ба таърихи пайдоиши ҷашнҳои миллӣ ва хостан Меҳргон ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки Иди Меҳргон дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Бо намоиши саҳаначаҳои тарбиявӣ ва барномаи фарҳангӣ чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ