Мавзўи амният ва сулҳу осоиштагӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ
Дар баробари мавзўъҳои дигари «Шоҳнома», аз қабилитарғиби илму дониш, андешаҳои панду ахлоқӣ, мулоҳизаҳои фалсафӣ дар ин шоҳасари Абулқосими Фирдавсӣмавзўи амнияти халқу ватан ва дар иртибот бо ондўст доштани Ватану ҳимояи он аз ҷумлаи ҳадафу мавзўъҳои асосӣ ба шумор меравад. Сабаби асосии ин ҳолат ба вазъияти замони зиндагии шоир иртиботи қавӣ дорад. Аз таърих маълум аст, ки сарзамини тоҷикон дар қарнҳои VIII-IX беш аз 200 сол дар асорати Хилофати араб буд. Маҳз батуфайли муборизаҳои тўлонии озодихоҳона мардуми тоҷик дар давраи Сомониён ба истиқлол мушарраф гардид. Аз ҷониби дигар дар аҳди Фирдавсӣ ба истиқлолу амният ва сулҳу осоиши Ватан хатари ҷиддии дигар – ташкили давлатҳои туркони қарохитоӣва ғазнавӣ таҳдид мекард. Махсусан, амирони ғазнавӣ, ки аслан ғулому ғуломзодагон ва лашкариёни дарбори Сомониён буданд, баонҳо хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меоварданд.
Азбаски Ҳаким Фирдавсии ватандўст инхатарро хуб дарк мекард, дар китобаш ба масъалаи ягонагии давлат ва ҳифзи он аз ҳуҷумибегонагон таваҷҷуҳи вижа зоҳир менамуд. Бинобарин, дар саросари «Шоҳнома» эҳсоси ватандўстиюватанпарварӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи халқ ба назар мерасад.
Эронзамин, ки номи он аз решаи ориё маъхуз аст, ҳам барои муаллифи «Шоҳнома» ваҳам барои қаҳрамонаш на танҳо мафҳуми ватанро ифода мекунад, балки сабаби ҳаёт ҳам ба шумор меравад:
Чун Эрон набошад, тани ман мабод,
Чунин дорам аз мўбади пок ёд.
Чи тавре ки мебинем Фирдавсӣ худро бе Ватантасаввур карда наметавонад. Дар «Шоҳнома» Фирдавсӣ борҳо ба қаҳрамонони худ ва тавассутионҳо ба хонандагони муосиру ояндааш муроҷиат мекунад, ки ба хароб шудани ин кишвари обод роҳ надиҳанд. Масалан, дар бораи ҳукмронии Анўшервонсухан ронда, шоир дилсўзона хитоб мекунад:
Намонем, ки ин бум вайрон кунанд,
Ҳаме ғорат аз шаҳри Эрон кунанд.
Нахонанд бар мо касе офарин,
Чу вайрон бувад буми Эронзамин.
Қаҳрамонони Фирдавсӣ дар ҳизфи ватан нерўи худ ва ҷояш ояд ҷони худро дареғ намедоранд. Аз байниқаҳрамонони китоб дар бобати ватандўстӣ ҳеч кас бо Рустам баробар намеояд. Шоир Рустамро сипари Эрон медонад, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо онро аз мудҳиштарин хатару офатҳо эмин медорад. Ҳаминнуктаро шоҳ Кайхусрав низ хеле хуб эҳсос мекунад ва хитоби ў баРустам далели иддаои мост:
Зи ҳар бадтуӣ пеши Эрон сипар,
Ҳамеша чу Симурғ густурда пар.
Бинобар ин дар фарҳанги мардуми ориё, махсусандар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик Рустам рамзу тимсоли барҷастаи ватандўстӣ мебошад, ки имрўзмо бояд ин образро дар тарбияи эҳсоси ватандўстии мардум, бахусус ҷавонон истифода барем.
Ғояҳои ватандўстонаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳифзи ягонагию якпорчагии Ватан, таъмини сулҳу осоиши мардуми он дар ҳамаидаврузамонҳо барои ашхоси меҳанпараст намунаиибрат будааст. Маҳзҳамин ғояҳо буданд, ки ниёкониморо ба муборизаи озодихоҳона зидди аҷнабиён, аз қабили муғулону дигар туркҳои ғоратгар даъват мекарданд. Байти зерини Фирдавсӣ, ки машҳуртаринбайти ватандўстонаи «Шоҳнома» аст, дар қаъри асрҳо шиори меҳанпарастони ҳақиқӣ будааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар охир мехоҳам роҷеъ ба як ҳодисаи таърихӣ ёдовар шавам, ки он низ далели боризи мардонагию озодихоҳии аҷдоди мост. Яке аз роҳбарони давлати тоҷикон дар асри ХIII – давлатиСарбадорон Яҳёи Каровӣ ба муроҷиати чандинкаратаи Тағо Темур – подшоҳи муғулнажоди Хуросон, ки ўро ба итоат фаро мехонд, ҷавоби рад дод. Дар яке аз номаҳояш Тағо Темур абётизеринроба сарбадорон ва роҳбари онондарҷ кард:
Гардан бинеҳ ҷафои замонрову сар макаш,
Кори бузургро натавон дошт мухтасар.
Симурғвор чун натавон кард қасди Қоф,
Чун саъба хурд бошу фурў рез болу пар.
Берун кун аз димоғ хаёли муҳолро,
То дар сари сарат нашавад, сад ҳазор сар.
Хоҷа Яҳё дар ҷавоб чунин навишт:
Гардан чаро ниҳем ҷафои замонаро,
Розӣ чаро шавем ба ҳар кори мухтасар.
Дарёю кўҳро бигзорему бигзарем,
Симурғвор зери пар орем хушку тар.
Ё бар мурод бар сари гардун ниҳем пой,
Ё мардвор дар сари ҳиммат кунем сар.
Мо бояд имрўз ба насли наврасчунин абётро сабақ диҳем, ки аз онҳо «бўи мардӣ меояд». Фарзандонамон бояд ифтихор кунанд, ки онҳо абераю чабераи чунин ашхоси диловару ватандўстанд, ки баҳри ҳифзикишвар ва таъмини ҳаёти осудаи мардум ба ҷоннисорӣомода буданд.
Хоҷаева М.