​Мавлоно ва ҷаҳони имрӯз

Дар толори факултети филологияи тоҷик бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чорабинии илмию адабӣ таҳти унвони “Мавлоно ва ҷаҳони имрӯз” баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева меҳмононро ба маҳфили илмӣ хайрамақдам намуда, роҷеъ ба аҳамияти буругдошти Рӯзи Мавлоно Балхӣ суханронӣ кард. Дар идомаи чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Ромиз Абдуллоев перомуни осори мондагор ва арзишманди Мавлоно Балхӣ ибрози назар намуд. Дар идома донишҷӯён аз ашъори Мавлоно ғазалҳо қироат намуда, дар асоси ҳикоятҳои маснавӣ саҳнаи адабӣ намоиш доданд. Ҳамчунин андарзҳои “Маснавии маънавӣ” аз ҷониби донишҷӯён қироат карда, бо забонҳои гуногун гуфтаҳои муҳаққиқону донишмандонро роҷеъ ба Мавлоно Балхӣ баён намуданд. Дар охир мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик дотсент Мавҷуда Ӯрунова баромад намуда, афзуд, ки таълимоти Мавлоно ва даҳҳо мутафаккирони дигари тоҷик тараннуми ақлгароӣ ва илму дониш мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ