​Мавлавӣ ва ҳикмати ӯ

30 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳои гуногун идома дорад.

Аз ҷумла, таҳти унвони “Мавлавӣ ва ҳикмати ӯ” бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкур дар хобгоҳи №3 бо ҷалби донишҷӯёни курси якуми факултети филологияи тоҷик ба роҳ монда шуда, дар он як қатор омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки 30 сентябр дар силсилаи таҷлилоти ҷашну маросимоти ҷаҳонӣ ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шинохта шудааст ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳам мардум, доираҳои адабию фарҳангӣ ва ҳавзаҳои илмию ҳунарӣ аз ин рӯз таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз доираҳои адабӣ, қишрҳои фарҳангӣ, ҳафзаҳои илмӣ ва муҳитҳои донишгоҳӣ гирди ҳам меоянд ва атрофи шахсият, андеша, дидгоҳ, мавқеият ва мероси Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суҳбатҳои ҷолиби адабию ихтисосӣ ва мубоҳисоти илмию фаннӣ сурат мегирад.

“Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақт дар олам нуфузу обрӯ дорад ва пешгоми ҷомеа мебошад, ки мояи сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисони ӯст”-зикр шуд дар доираи чорабинӣ.

Ироаи маърузаҳо, қироати шеър ва рақсҳои пурмазмун дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ маънои баланд эҳдо намуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ