Мавқеъи сиёсии устуворона
Маълум аст, ки ҳаракати «Толибон дар Афғонистон ҳокимиятро аз Ғарб ҳамчун туҳфа гирифт. Онҳо, яъне Толибон нақшаи баромадан аз буҳрони амиқи ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, ки баъд аз ба сари ҳокимият омадан дучори шуданд, надоранд. Ҷанговарони ин ташкилот ба ҳаёти осоишта ва фаъолияти эчодӣ, бунёдкорона мутобиқ нашудаанд. Имрўз дар Афғонистон дар натиҷаи амалҳои харобиовари ҳукумати эътирофнашудаи Толибон тамоми системаи ҳаёти ҷомеа вайрон шудааст ва аз ин рў, дар ин ҳолат рўз ба рўз норозигии аҳолӣ афзоиш меёбад.
Толибон ба ҷуз тарсонидани мардум ба афғонҳо чизи дигаре пешниҳод карда наметавонанд. Сиёсати берунии нобарори ҳукумати эътирофнашудаи Толибон дар Афғонистон натиҷаи интизорӣ надод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар мубоҳисаи умумӣ дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавқеъи принципии кишвари моро дар робита ба бӯҳрони низомию сиёсӣ дар Афғонистон тасдиқ намуда, гуфт, ки «мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Аммо итминон дорем, ки барои ҳалли дурусти масоили сиёсӣ ва амниятии кишвари ҳамсоя бояд як ҳукумати фарогир тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар бо ширкати тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, миллӣ ва ақаллиятҳои этникӣ ташкил карда шавад. Яъне, мо зарур мешуморем, ки сохтори қудрат дар ин кишвар тавассути раъйпурсӣ ва бо назардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Зеро бе назардошти манфиатҳои тамоми мардуми Афғонистон таъсис додани ҳар як ҳукумат метавонад ба оқибатҳои фоҷиабор дар ин кишвар оварда расонад".
Мавқеъгирии роҳбарияти Тоҷикистон дар робита ба масоили муосири Афғонистон андешаи тамоми тоҷикон, нерӯҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар фарди ҳушёри сайёраи моро инъикос мекунад.
Ба ақидаи мо, имрӯз кишварҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама кишварҳои Авруосиё бояд мавқеъи Тоҷикистонро гӯш кунанд ва ба нисбати созмони террористии “Толибон* сиёсати муштарак таҳия кунанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба созмони террористии "Толибон" як сигнали равшан фиристад, ки онҳо бо сиёсати кунунии берунӣ ва дохилии худ дар Афғонистон худро дар бунбасти байналмилалӣ қарор хоҳанд дод. Имрӯз бо тавассути Толибон терроризм дар ҳар шакл барои Авруосиё таҳдид мекунад ва мо бояд якҷоя ба зидди онҳо мубориза барем. Ин ягона роҳест, ки мо сулҳу шукуфоиро дар минтақаамон ҳифз хоҳем кард.
Тоҷикистон имрӯз ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накардааст ва дахолат карданӣ нест, аммо Тоҷикистон мавқеи сиёсати хориҷии худро дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон қатъиян риоя хоҳад кард.
Моҳи сентябр дар Душанбе рӯйдодҳои муҳими байналмилалӣ – нишастҳои сарони СПАД ва СҲШ баргузор шуд. Мулоқотҳо дар як давраи душвор барои минтақа сурат гирифтанд, зеро дар равобити байналмилалӣ ду мушкилоти глобалӣ – пандемияи коронавирус ва бӯҳрони низомию сиёсӣ дар Афғонистон, ки ба сари қудрат омадани гурӯҳи террористии Толибон иртибот доранд, қарор дошт. Маҳз дар ҳамин марҳалаи душвори таърихи муосири Авруосиё, ки Тоҷикистон ба СПАД ва СҲШ раисӣ мекард, ҳарду созмон ба амиқсозии ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини амният дар минтақа ва ҳамчунин кам кардани оқибатҳои пандемия дар фазои Авруосиё тамаркуз карданд
Бешубҳа, ба сари қудрат омадани гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон дар соли 2021 ба фаъолияти СҲШ ва СПАД – минбарҳои муҳими байналмилалии муколама ва машварат ислоҳоти хос ворид кард. Ҷониби Тоҷикистон барои табодули афкор ва ҳамоҳангсозии мавқеъ дар бисёр масъалаҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар чорабиниҳои дар Душанбе баргузоршуда тамоми шароитро фароҳам овардааст.
Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ ба сухани Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷиноятҳои зидди башарӣ дар Афғонистони “Толибон”-и Афғонистон чашм намепӯшид ва хостори қатъи қонуншиканӣ дар ин кишвар аст, гӯш надиҳанд, пас дар дар ояндаи наздик ҷойҳои нави шиддатро ба вучуд меоваранд, ки ин дар навбати худ ба тамоми системаи амнияти тамоми фазоӣ Авруосиё таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин ҷиҳат чанд мушкилиҳо мавҷуд мебошад, ки ин душвориҳо дар Афғонистон оғоз ёфт.
Якум, баъзе ташкилотҳои террористӣ, ки имрӯз дар ҳудуди Афғонистон амал мекунад, дар асоси тачрибаи худ дар минтақаи мо бо ҳодисаҳои маккорона ва бераҳмона содир кунад. Аз ин рӯ, тамоми Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ тамоми минтақа дар хатари бузург қарор доранд, зеро дар Афғонистон як театри нави амалиёти низомӣ вуҷуд дорад, ки Осиёи Марказӣ, Чин, Русия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон ногузир ва бевосита ба он ҷалб карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки сенарияи Сурия метавонад такрор шавад, вақте миллионҳо нафар Афғонистон маҷбур мешаванд, ки кишварро тарк кунанд. Аммо ҳоло ҳам ҳеҷ як кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ омода нест, ки масъулияти гурезаҳои ояндаи афғонро ба дӯш гирад ва ин мушкили №1 барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хоҳад шуд.
Мушкилоти дуюм гуруснагии зиёд аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Тибқи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ, беш аз 90% аҳолии Афғонистон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, кишварҳои мо бояд дар бархӯрди худ ба вазъ дар Афғонистон эҳтиёткор бошанд, зеро ин дигар як мушкили минтақавӣ нест, балки глобалӣ аст”. Дар ин маврид ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар ҳалли ин мушкил нақшаи мушаххаси амал надорад. Тайи 20 соли охир Афғонистон аз ҳисоби маблағҳои донорҳои Ғарб зиндагӣ мекард ва бо омадани террористҳои Толибон ин кишвар аз ин дастгирии молӣ маҳрум шуд.
Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанҳай дар Душанбе ин ҳама мушкилот ва сенарияҳои дар боло зикршударо ба таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ расонд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мисли дигар сиёсатмадорони ҷаҳонӣ рушди вазъи низомию сиёсии Афғонистонро ғайрифаъол мушоҳида накард. Бар хилофи тамоюли ҷаҳонӣ, ки бо ҳамдастӣ ва пуштибонӣ аз амалҳои террористони Толибон ифода мешуд, раҳбари Тоҷикистон барои муқобила бо тарҳҳои зиддиинсонии гурӯҳи террористии Толибон чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар минтақа фаъолият ва ташаббус нишон дод. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки дар Қасри миллат доир гардид, баён намуданд, ки «Барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад».
Бояд тазаккур дод, ки ин баёнияи Пешвои миллат дар сиёсати ҷаҳонӣ гардиши куллие ба миён овард, ки ба кишварҳои абарқудрат ва сиёсатмадорони дунё таъсири бевосита расонида тавонист.
Маҳз Тоҷикистон дар шароити вазъи низомию сиёсии кишвари ҳамсоя масъулияти сарнавишти Авруосиё ва дурнамои ҳифзи сулҳро дар минтақаи мо ба дӯш гирифт. Дар ҳоле ки баъзе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо Толибон муомила карда, бо гурӯҳи террористии “Толибон” ризоият доштанд, Тоҷикистон ин роҳро пеш нагирифт. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон дар робита ба вазъи кунунӣ мавқеъи сиёсати хориҷии худро устуворона риоя мекунад.
Равшан Усанов - дотсенти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”