​Машварати педагогӣ бо таҷрибаомӯзон

Донишҷӯёни курси чоруми факултети математика, ихтисоси математика ва физикаи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар МТМУ рақами 13 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷрибаи педагогӣ меандӯзанд. Донишҷӯён мустақилона донишҳои назариявии хешро дар амал татбиқ намуда, маҳорату малакаи хешро такмил медиҳанд. Онҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолияти омӯзгории худро оғоз намуда, дар ин самт қадамҳои устуворона гузошта истодаанд. Донишҷӯён бо роҳбарии устодони хеш методу усулҳои навини таълиму тарбияро дар ҷараёни дарсҳо бо хонандагон татбиқ менамоянд. Роҳбарон тамоми саъю кӯшиши худро ба раванди сифати таълиму тарбия равона намуда, шогирдони хешро дар рӯҳияи баланди илмӣ ва ахлоқӣ тарбия менамоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таҷрибаомӯзон ин масъулияти баландро пурра дарку эҳсос намуда, баҳри пешрафти сифати таълим ва тарбия ҷидду ҷаҳд менамоянд ва дар рушди соҳаи маорифи кишвар саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ