​Масъулияти падару модар дар тарбия хеле муҳим аст!

Дар шинохти шахсияти террорист ҷомеаи имрӯз гуногун фикру мулоҳида дорад. Гоҳо ба шахси ба бемории равонӣ гирифторшуда, шахси фирефташуда, ифротгароии динӣ, мубориз барои мансаб ва ҳокимият ва ғайра маънидод мекунанд. Баъзан ҳангоми шунидани ин мафҳум ҳисси тарсу ҳарос ва ваҳм дар вуҷуди онҳо пайдо мешавад.

Ҳанӯз соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид дошта буданд: “Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва экстремизм танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Бо чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз хеле нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва экстремизм мегарданд, пурра нест карда наметавонад. Вобаста ба ин бори дигар мехоҳам таъкид намоям: то он даме, ки бо мақсади кам кардани қашшоқию бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот тадбирҳои муассир ва ҷиддӣ андешида нашаванд, хавфи терроризм ва экстремизм низ аз байн намеравад”

Аз ин сабаб, яке аз омили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сатҳи пасти маърифати диниву дунявии ҷавонон ва бекории онҳо бошад, аз ҷониби дигар ба онҳо таъсири муҳити беруна низ хоҳ нохоҳ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъсир мерасонанд. Ҳарчанд ҷавонон бо ҷойи корӣ таъмин бошанд ҳам, вале аз мадди назари волидайн дур мондаанд. Пас ин ҷо масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, назорати кору фаъолият ва рафтору амали насли ҷавон низ нақши калидӣ мебозад. Ҷавонон мехоҳанд аз илми муосири ҷаҳонӣ бархурдор бошанд, ҳамқадами замон бошанд, таҷрибаҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷиро азхуд намоянд, ҷойи кори муносиб дарёфт намоянд, вале, онҳоро душвориҳои зиндагӣ ба яъсу ноумедиҳо ба оянда мебарад ва гоҳо аз нобоварӣ ба ояндаи нек ва надоштани таҷрибаи ҳаётӣ ба мушкилиҳои ҳаётӣ дучор мегардонад. Ҷавонон солҳои сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, аз меҳри падарию модарӣ ва зану фарзандон дур мемонанд, муҳити бегона онҳоро фаро гирифта, рафтору гуфтору муносибати насли ҷавони моро ба куллӣ тағйир медиҳанд...

Пас дар назорати фарзандон волидайн масъулияти бештарро ба дӯши худ гирифта, ҳузуран ва ё маҷозан аз таҳсил, ҷойи кор, шароити зисту зиндагонии онҳо бархӯрдор бошанд ва аз набзи ҳаёти худу оила ошно бошад!

Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДХ, шарқшинос

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ